Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст, барои ғолибони ин озмунҳо аз буҷети вилоят 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар маҷмӯъ 420 нафар иштирокчиён ва устодону волидайни онҳо бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз карда шуданд.
Манбаъ зикр кардааст, ки “дар озмунҳои имсола шумораи иштирокдорон ва сатҳи омодагии онҳо нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб беҳтар гардида, озмунҳои мазкур ба як мусобиқаи зеҳнӣ табдил ёфта, дар миёни қишрҳои ҷомеа аз ҳаводории хос бархӯрдор мебошад.
Озмунҳои “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” давоми се сол боз дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст, ки баҳри дарёфти падидаҳои нав, муаррифии истеъдодҳо ва ҷалби мардум ба китобу мутолиа заминаи муносиб гузошт.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даври якум, яъне моҳи май дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба таври умумӣ 25312 нафар довталаб (22629 хонанда, 994 омӯзгор, 96 мураббӣ ва 1593 намояндаи касбу кори гуногун) иштирок намуданд.
Аз миқдори умумии иштирокунандагони даври аввал 6814 нафар довталаб, аз ҷумла 6325 нафар хонанда, 352 нафар омӯзгор, 14 мураббӣ ва 123 намояндаи касбу кори гуногун ба даври шаҳрӣ ва ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Аз шумораи умумии хонандагони ба даври дуюм роҳхатгирифта 4866 нафар ё худ 77 фоиз духтарон мебошанд.
Дар даври вилоятии озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Данғара, Ёвон, Восеъ хубтар баромад намуда, натиҷаҳои беҳтаринро нишон доданд.
Қобили қайд аст, ки теъдоди иштирокунандагон дар номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон, осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ ва адабиёти ҷаҳон бештар буд. Масалан, агар дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ 379 нафар довталаб (313 нафар духтар) иштирок намуда бошад, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 170 нафар довталабон (100 нафар духтар) ширкат доштанд.
Аксари иштироккунандагони номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд ва ин гувоҳи он аст, ки насли наврас ҳар чӣ бештар рӯ ба адабиёт оварда, миёни дигар қишрҳои ҷомеа мақоми пешсафро соҳиб мебошад.
Рафти озмун нишон дод, ки шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср афзун шудааст.
Хурдтарин иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Равшанбекзода Нурзод - тарбиятгирандаи 5-солаи боғчаи бачагонаи рақами 3-и ноҳияи Шаҳритус, Одинаев Абдулло ва Табаров Иқболҷон – тарбиятгирандагони 6-солаи Маркази инкишофи кӯдак аз шаҳри Норак буданд, ки бо маҳорати хуби қироати шеър на фақат аъзои ҳакамон, балки тамоми иштирокчиёнро мафтун намуданд. Ҳакимов Маҳмадӣ - нафақагири 70-сола аз ноҳияи Фархор низ бо маҳорати баланди суханварӣ дар дили иштирокчиён маъво гирифт”.
Иштирокчиёне, ки дар даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо ғолиб мешаванд, иловатан ба маблағи аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ аз ҷониби раиси вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



