Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МЕҲРГОН- ТАҶАССУМГАРИ СУННАТҲОИ НЕКИ ИНСОНӢ
Бо шарофати истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, азму талошҳои ватандӯстонаи мардуми тоҷик ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллию фарҳангии мардуми тамаддунпарвари мо эҳё ва рушд меёбанд. Аз ҷумла яке аз ҷашҳои миллию қадимаи аҷдодонамон Меҳргон, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ муҳимтарин омили иттиҳод ва дӯстии мардуми ориёнажод буд, аз нав эҳё гардид.
Дар китоби “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” омадааст: “Меҳргон яке аз қадимтарин идҳост, ки миёни қавмҳои ориёӣ расм шудааст” Меҳргон рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад,ки он ба 16-уми Меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ) мутобиқ ба 22-октябри солшумории Григорианӣ рост меояд. Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуд аст. Аз рӯи маълумотҳои олими бузурги тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ Фаридун ба муносибати маҳв намудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба ҷашни Меҳргон асос гузоштааст.

Доктори илмхои таърих Юсуфшоҳ Яқубов дар бораи иди Меҳргон навиштааст, ки ин ҷашн баъди Наврӯз дуюмин иди бузурги миллии ориёиҳо буд, ки ба бозгашти Офтоб ва дуюминбора ба хатти истиво омадани он ва боз баробар шудани шабу рӯз бахшида шудааст.
Таҳлили маъхазҳо ва манбаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки ҷашни Меҳргон оғози тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосил аст. Ин ҷашн 6 рӯз аз 16-ум шурӯъ мешавад ва то рӯзи 21-ум ки Ром ном дорад, давом мекунад. Рӯзи оғозро Меҳргони омма ва рӯзи анҷомро Меҳргони хоса меномиданд.
Ҷашни Меҳргон дар дарбори империяи Ҳахоманишиён хеле пуршукўҳ ва бо хурсандӣ баргузор мегардид. Шоҳони Ҳахоманишӣ, ки аз мастӣ худдорӣ менамуданд, дар иди Меҳргон либоси арғувонӣ пӯшида, сархуш мешуданд.

Дар рӯзи ҷашни Меҳргон дастархони ҳама аз неъматҳои гуногун: нонҳои ҳархела, себ, нок, ангури сафед, анҷир, асал, лимӯ, шакар, гули нилуфар пур мешуд ва мардумон базм меоростанд.
Подшоҳон дар ин рӯз тоҷе ба шакли хуршеди шуълаафкан ба сар мениҳоданд. Худованд гӯё дар рӯзи Наврӯз ёқут ва дар Меҳргон забарҷадро барои зинат офарид. Меҳргон то истилоҳи муғулҳо саросари ориёно ҷашн гирифта мешуд.
Меҳргон баробари инкишофи деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғундоштани ҳосил ид мекарданд. Деҳқонон ба пешвози Меҳргон ҳашар мегузарониданд, сару либоси нав мепӯшиданд ва сайру бозиҳо меоростанд.
Меҳргонро дар замони Сомониён ботантана ва шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд. Чунончӣ, Рӯдакии бузург яке аз амирони сомониро бо фарорасии иди Меҳргон табрик карда, гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Масъуди Саъди Салмон дар рӯзҳои Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон буданро таъкид кардааст:
Рӯзи меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К-аз ҳама чиз, меҳрубонӣ беҳ.
Дар даврони Шӯравӣ Меҳргон ҳамчун ид расман ҷашн гирифта намешуд. Ба ҷои он ҳар сол кишоварзон баъди ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва боғу токзорҳо иди ҳосил мегузарониданд, ки он ба унсурҳои бостони ҷашни Меҳргон иртибот дошт. Рӯзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои гуногуни варзишӣ доир мегардид. Ҳатто Борбади Марвазӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон силсилаи сурудҳои мавсимию маросимии қадимаи форсу тоҷикро ба номи “Меҳргони бузург” эҷод намуд, ки дар он тантанаи ҷашни Меҳргон инъикос ёфтааст.

Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш доир ба ҷашну оинҳои қадим маълумоти ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат аз таъриху суннатҳои гузаштагон ёдоварӣ кардааст. Рӯзи аввали ба тахт нишастани Шоҳ Фаридунро баробар ба рӯзи Меҳргон медонад ва оғози таҷлили ин ҷашнро ба ӯ нисбат медиҳад:
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан оини ӯст.
Оғози ҷашнгирии Меҳргон ба ҳазорсолааш дуюми пеш аз милод рост меояд ва таърихи зиёда аз чаҳор ҳазор сола дорад. Абулқосими Фирдавсӣ дар ҷои дигар ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар замони подшоҳии Фаридун маълумот додааст:
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод он Каёнӣ кулоҳ.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои олимони таърихнигор мардум дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон ҷомаҳои арғувонӣ ба бар карда, гирди ҳам меомаданд. Онҳо дар даст номаҳои табрикотӣ доштаанд, ки бо бӯйи хуш олуда буданд. Номаҳоро бо лифофаи зебо печонида, ҳамдигарро табрик менамуданд.
Мардуми мо, ки ба ин ҷашни бостонӣ садоқату эътиқод доранд, ба фарзандонашон муродифи моҳи Меҳр номгузорӣ мекунанд: Меҳрафзун, Меҳрдод, Меҳрона, Меҳровар, Меҳрубону Меҳрзод ва амсоли инҳо.
Меҳргонро ҳамчун иди милливу бостонӣ дар аҳди Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониён мардум ботантана ва пуршукўҳ ҷашн мегирифтанд. Таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукумронии Сосониён ба ҳукми анъана даромад. Писари шоҳ Шопур-Ҳурмуз ин ҷашнро манзалати баланд бахшид. Бо мурури замон Меҳргон шукўҳу шаҳомати баланд пайдо намуд ва дар аҳди Сомониён ба авҷи баланд расид. Мардум дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ аст, меоростанд.
Аммо баъди ба сари қудрат омадани сулолаҳои гуногуни бегона ва таъқибу фишорҳои баъзе гурӯҳҳои иртиҷоӣ ин ҷашн аз байн рафт.
Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон ба ифтихори ҷашни Меҳргон иброз доштанд: “Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсиву фарҳангии давраҳои гузашта, ҷашни Меҳргон то имрӯз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад. Зеро Меҳргон монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад”.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни бостонии миллати куҳанбунёдамон аз нав эҳё гардид. Ҳамасола он ҳамчун иди кишоварзон ва тамоми мардум дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ботантана ва шаҳомати баланд таҷлил мегардад.
Баргузории идҳои асал, каду, харбуза, ангур ва дигар меваю сабзавотҳо рукнҳои иди Меҳргон маҳсуб меёбанд. Албатта ин ҳама баёнгари орзую ормон, расму оин ва ифтихори миллӣ мебошад. Иди Меҳргон дар кишварамон аз соли 2011 инҷониб таҷлил гардида истодааст.
Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



