Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 30 сентябри соли 2021.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фараҳу шодмонӣ, амсоли Рӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бесабаб нест, зеро ки бо ибтикор ва ташаббусҳои рузафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнгирии нобиғаҳои илму фарҳанг рӯи кор омаданд, ки ин нишона аз таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик бозгӯӣ мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»-и хеш симои ин шахсияти бузурги илму адаби тоҷику форсро басо дақиқназарона тасвир намудааст. Дар пешгуфтори китоби мазкур, аз ҷумла чунин омадааст: «Ҳадафи аслии мо баррасии усул ва аркони муҳимтарини ганҷинаи андеша, афкор ва ормонҳои Мавлавии бузург дар пайванди ногусастанӣ бо масъалаи муҳимтарини муосир – инсонсозии ҷомеаи башарӣ аз тариқи истифодаи ин мероси абадзинда мебошад».
Боиси фараҳмандию хушбахтии ҳар яки мову шумо аст, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар дар сатҳи баланди фарҳангӣ ташкилу баргузор карда мешавад, ки ин арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷику форс мебошад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз он нобиғаҳое аст, ки дар илми ирфон бо соддагӯӣ ва маънии баланд мақоми шоиста дошта, қалби ҳазорон ҳаводоронашро тасхир карда, китобҳои Ӯ дар Шарқу Ғарб, ба такрор тарҷума шуда, дастраси муштоқони каломи пурандарзу саршори меҳру муҳаббати инсонӣ гардидаанд.
Ҳанӯз вақти сафар ба Нишопур ҳамроҳи падари хеш бо донишманд, орифи тавоно Шайх Фаридиддуни Аттор вохўрда, ҳангоми дидор, ки Ҷалолуддини Балхӣ хурдсол буд, Аттор ҳамчун чеҳрашинос ба падари Ў ишора карда мегўяд, ки фарзанди Шумо дар олами ирфон бо эҷодиёти таббии худ муаррифӣ мегардад. Бо аз худ кардани илми замонаш Мавлоно шоири тавоно гардида, бо эҷоду эъҷози баландпарвози худ ба насли имрўза хазинаи бебаҳои илму маониро боқӣ гузоштааст.
Асарҳои бузурги Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ «Девони кабир» машҳур бо номи «Куллиёти Шамси Табрезӣ», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси сабъа», «Мактубот» ва «Рубоиёт» ба шумор мераванд.
Дар ашъори Мавлоно хусусияти гўйши мардуми Моваруннаҳр, яъне тоҷикӣ пурра нигоҳ дошта шудааст. То ба имрўза гар дар асолати калимае баҳс равад, бо овардани далеле аз ашъораш он баҳсро хотима мебахшанд. Аз ин лиҳоз осори ўро метавон «Фарҳанги забони тоҷикӣ» унвон кард.
Як хусусияти фарқкунандаи эҷодиёти Мавлоно аз шоирони ҳамасраш дар он аст, ба зиндагӣ хушбин аст ва яъсу навмедӣ дар ашъораш дида намешавад.
Мавзўи аввалиндараҷаи ашъори Мавлоно ба одобу ахлоқ, инсонгароию маърифатпарварӣ ва ватандўстӣ равона гардида, чакидаҳои хомаи инсонҳоро заифу бечора не, балки ба тавонову зўрмандӣ ҳидоят мекунад.
Воқеан ҳам то ба имрўз мероси адабзиндаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ кони ганҷу хирад, мактаби бузурги инсонӣ, дарси худшиносию худогоҳӣ ва хазинаи андарзу ҳикмат мебошанд, ки ҳар кас ба миқдори мафкураи худ аз онҳо баҳравар мегардад.
Осори мондагори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамзабону ҳаммиллати мо имрўз китоби серхонандатарини сайёра эътироф гардидааст, ки боиси ифтихору шодмонии мост.
Мо аз он мефахрем, ки миллати тамаддунофари мо чунин фарзанди фарзонае ба оламиён туҳфа кард, ки китобҳояш дили ҳазорон ҳазор мардуми сайёраро тасхир кардааст.
Ашъори дилнишину зебои Мавлоно аз замони таълифашон то ба имрўз зеби маҳфилу анҷуманҳост.
Ба ашъори зиёди Мавлоно сарояндагони тоҷику форс оҳангҳои дилнишин офаридаанд, ки аз шунидани онҳо тану рўҳи мо лаззати маънавӣ мегирад.
Инчунин шоҳасари «Маснавии маънавӣ»-ашро бузургонамон Қуръон бо забони паҳлавӣ донистаанд.
Чун аз «Маснавии маънавӣ» ёд кардем, бояд таъкид кунам, ин асар ба шуҳрати ҷаҳонӣ ва ҷовидонии Мавлоно сабаб гардидааст. Ин асар аз шаш дафтар ва зиёда аз 25 ҳазор байт иборат аст, аслан ҳикояҳои панду ахлоқиро дар бар мегирад. Дар «Маснавии маънавӣ» масъалаи ҳаётӣ ва ирфоние нест, ки шоир ба он рў наоварда бошад.
Ҳамдиливу ҳамтанӣ ва ваҳдати кулли одамон яке аз ормонҳои волои ў буда, ҷангу ҷидолро маҳкум мекунад ва тафриқаву ихтилофро хоси ҳайвонҳо медонад.
Бо назардошти нақши Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷик бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» таъсис дода шуд, ки ин падидаи бузурги илмию таҳқиқотӣ барои муаррфиии эҷодиёти пурғановати ин нобиға нақши бағоят бузург дорад.
Дар шароити имрўза таъсисёбии Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» дар назди ин махзани маърифатӣ иқдоми саривақтӣ ва басо зарурӣ мебошад ва барои тарбияи ҷавонон дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ, идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дониста мешавад.
Мо боварӣ дорем, ки кормандони Маркази илмӣ осори шоир ва шарҳҳои зиёди ба «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно навиштаи шореҳони гузаштаи тоҷику форсро ба хатти имрўзаи тоҷикӣ баргардон карда, пешкаши хонандагон мегардонанд. Ин кор барои таҳқиқотчиёни оянда мадади бузурге хоҳад расонд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар вилояти Хатлон ба хотири эҳтирому эътиқод ба эҷодиёти ин нобиғаи олами адабиёт ноҳия, гулгашт кўчаю маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимии миёна ба номи ин шиори абадзинда гузошта шуда, ҳамасола чорабиниҳои мавлонохонӣ дар сартосари вилоят ташкилу баргузор карда мешавад.
Таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлўҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рўзмарраи аҳли башарро фаро мегирад.
Чун ба гардиши гардун менигарем, эҳсос мекунем, ки нобиғагон на танҳо саргузашти пешиниёни дурро омўхта, бо рафторҳои ҳамзамонони худ муқоиса кардаанд, балки бо таҳлилҳои дурбинонаи хеш, оянданигариҳои ҷолиби худро барои андешидану натиҷагирӣ кардан, пеши дидори имрўзиён гузоштаанд.
Эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пур аз панду андарз, фарогири тарбияи дурусти фарзандон ба роҳи рост ва саршор аз ҳикматҳои ватандўстона мебошад ва роҳнамоест барои инсонҳо.
Бори дигар тамоми мардуми сарбаланду фарҳандўстӣ вилояти Хатлонро ба муносибати Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ сидқану самимона табрику таҳният гуфта, саодати абадии рўзгор ва дар омўзиши осори ниёгон комёбиву бурдбориро таманно дорам.
Сарбаланду сиҳатманд бошед.
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД


