Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар ноҳияи Темурмалик
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик, дар Шаҳраки Баҳманрӯд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди истифода қарор доданд.
Таълимгоҳ тибқи нақша, дар масоҳати 2500 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 29 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои фаннӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, омодагии дифои ҳарбӣ иборат мебошад ва барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо дарназардошти стандартҳои ҷаҳони муосир бунёд шуда, ҳамчунин аз толори варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 150 ҷой, ошхона барои 48 нафар, китобхона бо толори хониш, синфхонаи инкишофи кӯдак барои омода намудани кӯдакон ба мактаб, утоқи махсус барои омӯзиши бозии шоҳмот бо тахтаи электронӣ ва компютери намуди моноблок иборат мебошад.
Ҳамзамон муассисаи таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҷараёни корҳои сомонёфта ва суҳбат бо омӯзгорон, таъкид намуданд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосири таълим, маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва афзудани дастовардҳои соҳа саъйю талоши бештар намоянд ва дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми муносиб гузоранд.
Дар муассиса ҳамчунин ҷиҳати татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” шароити мусоиди илмомӯзӣ, аз ҷумла утоқҳои фани химия, биология, физика ва озмоишгоҳ фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо техникаю технологияи насли нав муҷаҳҳаз шудааст.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои нав соли 2019 оғоз гардида, он дар муҳлати муайянгардида аз ҷониби фармоишгар Муассисаи давлатии Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масълияти маҳдуди “Сафедоб-Тур” ба анҷом расонида шудааст.
Бо дарназардошти талаботи замон, дар шафати муассисаи мазкур майдончаи варзишии бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдончаи ҳарбӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии дифои ҳарбии хонандагон бунёд шуда, гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ зебо гардонида шудааст.
Ҳамчунин саҳн ва роҳравҳои муассиса дар масоҳати 800 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, 20 адад чароғаки равшанидиҳанда насб шудааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба маорифчиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо фароҳам шудани шароити хуби таълимӣ маорифчиёни ноҳияи Темурмалик ба Сарвару роҳнамои маорифпарвари худ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми малакаю дониши худро ба харҷ дода, дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.
http://president.tj/
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД






