Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик ва боздид аз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва фаъолони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст дар ноҳияи Темурмалик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия навсозӣ гардидааст, шинос шуданд.
Дар ҳудуди боғ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар ин тадбир кадбонуҳои ноҳия, ҳунармандону косибон маҳсули дастранҷи худро ба маърази дид гузошта, аз рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Темурмалик иттилоъ доданд. Аз ҷумла, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, қуроқбофиву атласу адрасбофӣ дар намоишгоҳ пешниҳод гардонида шуд.
Иброз гардид, ки бо роҳандозии "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар ноҳияи Темурмалик низ тадбирҳо ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллӣ ҷоннок гардида, омӯзиши ҳунарҳои гуногун миёни ҷавонон равнақ дода шуд.
Зимни суҳбати самимӣ ҳунармандон ба Пешвои муаззами миллат барои таваҷҷуҳи хосашон нисбат ба ҳунару ҳунармандӣ, дастгирии соҳибистеъдодон ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои гуногун барои рушди ҳунарҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, ки самараи заминҳои ҳосилхези ноҳияи Темурмалик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки аз рушду равнақи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия гувоҳӣ медиҳад.
Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои боғи фарҳангиву фароғатӣ ошноӣ пайдо намуданд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ азнавсозӣ карда шуд ва дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан ба монанди “Кипарис”, “Мажевелник”, “Серенаи ҳиндӣ” ва “Каштан” шинонида шуда, ҳамчунин ҳудуди боғро 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зебу зиннат мебахшад.
Нигоҳубини дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба таври муосир роҳандозӣ гардидааст. 2250 метри мураббаъ роҳравҳои ҳудуди ин макони фарҳангӣ бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш карда шудааст.
Иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур шароити мусоид барои гузаронидани барномаҳои фарҳангӣ, истироҳати сокинон ва мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, қомат афрохтани Амфитеатри зебову замонавӣ барои гузаронидани консерту дигар чорабиниҳо имконият фароҳам намуд. Ҳамчунин дар боғ барои гузаронидани тамрину сабқатҳои варзишӣ як майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шудааст.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои навсозӣ таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи имконияти бозиву фароғати кӯдакону наврасон зоҳир карда шуд. Аз ин ҷост, ки дар ҳудуди боғ атраксионҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва дар масоҳати 500 метри мураббаъ майдони алоҳидаи бозиҳои гуногун ташкил гардид.
Барои сокинону меҳмонон дар дохили боғи фарҳангӣ нуқтаи алоҳидаи хӯроки умум ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст.

Аз ду тарафи боғ даромадгоҳ бо услуби баланди меъморӣ ва ороишоти зебо бунёд ёфта, гирду атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.
Дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатӣ фаввораҳои замонавӣ бо шаклу услуби хоса сохта шудаааст.
Хусусан шомгоҳон боғи мазкур барои сайру гашти мардум мавзеи ниҳоят қулай буда, чароғонӣ ва гуногунрангии ҳудуди боғ диққатҷалбкунанда мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки навсозии иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардида, имрӯз ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои нигоҳубини дуруст ва ҳифзи ҳамаҷонибаи иншооти мазкур вазифадор намуданд.
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



