Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон дар асоси нақша - чорабиниҳо ба хотири истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди иншоот нахуст бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр мебошад ва он бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллиро бо садо додани Суруди миллӣ парафшон намуданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон 35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Иншоот бо зиёда аз 500 адад ниҳоли гуногуни ороишию ҳамешасабз ва дар масоҳати 200 метри мураббаъ бо гулҳои рангоранг оро ёфта, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудааст.
Роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш карда шуда, дар маркази майдон фаввораи рангоранги диққатҷалбкунанда бунёд гардидааст.
Корҳои паймонкорию сохтмониро дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мега-Техника- Иншоот” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Парафшонии Парчами миллӣ ва бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин омили муҳим дар самти бедор кардани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар як сокин, хоса наврасону ҷавонон мебошад.
Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо мақсади таъмини истироҳати хубу бофароғати сокинону меҳмонон ҳангоми шабона 34 чароғак ва 12 адад равшанидиҳандаи 12-метра гузошта шудааст.
Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



