Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ба истифода додани бинои филиали рақами 75-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Балҷувон
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” рақами 75-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Балҷувон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи аввал қисмати амалиётӣ, хазина, ҷойҳои ёрирасону толори бойгонӣ ва дар таҳхона бошад, ҳуҷраи техникӣ ҷойгир мебошад.
Ошёнаи дуюми иншооти тозабунёд аз ҳуҷраи кории мудири шуъба, кормандон ва китобхона иборат аст.
Дар маҷмӯъ дар бинои филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон 6 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсии нав, компютер ва дигар технологияи муосир таъмин буда, барои кору хизматрасонӣ мувофиқ аст.
Фармоишгари иншоот Бонки давлати амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умед” мебошад.
Бинои тозабунёд дар муддати кӯтоҳ бо тарҳи меъмории муосир дар масоҳати 419 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, масъулон ва дигар кормандони филиали бонкро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон вазифадор карданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 17 нафар сокини ноҳияи Балҷувон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Балҷувон амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили кушодани суратҳисоби бонкӣ, интиқол ва гирифтани маблағ, пардохти хизматрасониҳо ва гирифтани қарзҳо ба роҳ монда шудааст.
Акнун сокинон имкон доранд, ки маблағҳои андоз ва коммуналиро дар бинои нави бонкӣ пардохт намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар ноҳияи Балҷувон аз хизматрасониҳои «Амонатбонк» зиёда аз 2 ҳазору 230 нафар нафақагир ва кормандони 78 корхонаву ташкилоти буҷетӣ дар самти дастрасии маблағи нафақа ва музди меҳнат истифода мебаранд.
Аскҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



