Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор меҳмони олиқадрро Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 дар асоси нақша – чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Корҳои паймонкорию сохтмониро дар бинои маъмурӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафо -1” анҷом додаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст.

Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Ҳуҷраҳои кории шуъбаю бахшҳои дастгоҳ ва мақомот ва бойгонӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон бо тамоми лавозимоти корӣ дар ошёнаи дуюм муҷаҳҳаз мебошанд.
Бо ба истифода додани бинои нави маъмурӣ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати корбарӣ мусоид аст.
Дар ҳуҷраҳои корӣ техналогияи иттилоотию комуникатсионии сатҳи муосир васл ва бо мақсади ба роҳ мондани назорати доимӣ дар бинои мақомот камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст.
Саҳни бино дар масоҳати 431 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атрофи он дар масоҳати 680 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шудааст.
Инчунин дар атрофи иншоот ниҳолҳои ороишию сояафкан ва наздики 4000 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар шафати шоҳроҳ ҷойгир буда, бо тарҳи хос ва дар асоси санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.
Аскҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



