Бойгонӣ

“САФО” – фарзанди Истиқлол

  Бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии маҷаллаи “Сафо”

   9-уми сенябри cоли ҷорӣ аз нашри аввалин шумораи маҷаллаи вилоятии “Сафо” 10 сол пур шуд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ҳайати кории маҷалла пайроҳаи пуршебу фароз ва лаҳзаҳои хотирмонро паси сар намудаанд.
   Таърихи таъсиси Маҷаллаи вилоятии “Сафо” аз нишасти матбуотии  раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов дар соли 2010 сарчашма мегирад, ки дар ин нишаст дар баробари масъалагузории самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ яке аз журналистон  аз фаъолияти маҷаллаҳои расмии дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ мисол оварда, пешниҳод кард, ки дар вилояти Хатлон ҳам маҷаллаи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва адабӣ таъсис дода шавад. Ғайбулло Афзалов ин таклифро пазируфта ваъда дод, ки ояндаи наздик аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷаллаи ранга бо тарҳу намои зебо таъсис дода мешавад. Мудири вақти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Саидқул Шомалангзода низ бо тасдиқи ин гуфтаҳо изҳор дошт, ки андешаи таъсиси маҷаллаи “Сафо” бори нахуст дар нишасти матбуотии раиси вилоят садо дода буд. 
   Дар аввал барои маҷалла номҳои гуногун пешниҳод мекунанд ва адиб Амиршоҳи Хатлонӣ таклиф мекунад, ки номи маҷалла “Сафои Хатлон” гузошта шавад. Аммо корманди масъули дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, рӯзноманигори варзида Абдувалӣ Абдувоҳидов мегӯяд, ки бояд номи маҷалла кӯтоҳ бошад ва ҳамин тавр,  аз феҳристи номҳои пешниҳодшуда раиси вақти вилоят “Сафо”-ро пазируфт.
   Ҳамин тавр, бо мақсади инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию адабӣ ва фарҳангии вилоят, васеъ намудани фазои иттилоотӣ ва тарбияи маънавии мардум Қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи вилоятии “Сафо” таҳти № 166 аз 9-уми июни соли 2011 ба тасвиб расид. Аввалин сармуҳаррири маҷалла шодравон Абдувалӣ Абдувоҳидов таъйин шуда, ба ҳайати эҷодии он котиби масъул Саттор Қарахонов, ходимони адабӣ Усмон Билолӣ ва Латофат Мирзосаидиён, тарроҳ  Камол Дадабоев ва дигар журналистони пуртаҷриба шомил буданд.  Шумораи нахустини маҷаллаи “Сафо”  ранга дар ҳаҷми 28 саҳифа 9-уми сенябри соли 2011 бо теъдоди 100 нусха  ба нашр расид, ки он ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Раиси вилоят Ғайбулло Афзалов дар паёми табрикотии худ оид ба муқаддасоти ин ҷашни таърихӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият иброз намуд, ки дар баробари иншо намудани нишондодҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят оид ба таъсиси ин маҷалла гуфтааст: «Дар вилоят арзи ҳастӣ намудани нашрияи тоза - маҷаллаи “Сафо”,  ки  дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва адабии вилоят, бешак, падидаи басо ҷолиб аст, бо шарофати Истиқлолият имконпазир гардид. Итминон дорам, ки маҷаллаи мазкур дар инъикоси рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят, тараннуми дастовардҳои диёр, таҳкими дӯстию ваҳдати мардум нақши муассир хоҳад бозид”. 
   Ҳайати эҷодии маҷалла  оид ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангу тамаддун, муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои адабию маънавӣ матлабҳои ҷолибро пешкаши хонанда мекарданд.  Собиқ котиби масъули маҷаллаи “Сафо” Саттор Қарахонов иброз медорад, ки кормандони маҷалла дар соли аввали фаъолият идора надоштанд ва баъзан, мақолаҳои худро дар ҳуҷраҳои кории дигар расонаҳо таҳия менамуданд. 
   Ба гуфтаи сармуҳосиби маҷалла Саиднуриддин Талбиев, солҳои аввал аз ҷиҳати молиявию техникӣ мушкилот зиёд буданд. –Ҳайати эҷодӣ дар ҳолати зарурӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар ба номи Р. Мурчаев ҷамъ омада, нақшаҳои корӣ ва маводи омоданамудаи худро баррасӣ мекарданд. Бар замми ин чопи маҷалла, ки хеле гаронтар аз рӯзнома аст, бинобар мушкили молиявӣ маҷалларо дар 2 моҳ як бор чоп мекарданд. 
   Баъдан, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ошёнаи якуми бинои Раёсати телевизион ва радиои вилоят барои кормандони маҷалла ду ҳуҷраи корӣ ҷудо карда шуд. 
  Маҷаллаи «Сафо»  яке аз мактабҳои хуби журналистикаи вилоят ба ҳисоб рафта, дар он рӯзноманигорони касбӣ фаъолият доранд. Татбиқи сиёсати имрӯзаи давлат, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарии миллатҳои сокини вилоят, ҳаёти занону духтарон, фаъолияти мақомоту идораҳои вилоятӣ ва дигар  соҳаҳо аз мавзӯъҳои асосии матлабҳои он мебошад.
   Истиқлолияти давлатӣ дар таҳаввули матбуоти даврӣ замина фароҳам овард, ки он ба таъсири омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва касбӣ рушд кард. Дар ҳамоише, ки ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик санаи 10-уми марти соли 2021 дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон баргузор гардид, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ дар баробари таърихи таъсис, давраҳои мушкил, эҳёи матбуот ҳамчунин, аз тамоюли рушди нашрияҳои маҳаллӣ низ ёдовар шуда чунин гуфта буд:
   “Матбуоти тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ марҳилаҳои гуногуни рушдро тай намуда, имрӯз ба як неруи муқтадири афкорсоз ва пешбарандаи ҷомеа мубаддал гаштааст. Агар солҳои 1992-1997-ро давраи мушкил ва рӯ ба рукуди матбуоти маҳаллии Тоҷикистон номем, солҳои 1997-2004-ро оғози давраи эҳёи матбуоти маҳал ва аз соли 2005 ба ин тарафро марҳилаи рушди босуботи матбуоти даврии вилояти Хатлон ҳисобидан мумкин аст”.
  Имрӯз дар сиёсати редаксионии аксари нашрияҳои музофотии вилояти Хатлон аз ҷумла, маҷаллаи “Сафо” мавзӯи ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ, зарурати ҳифозат ва таҳкими он, инчунин мубориза бо ифротгароию терроризм, ташаккули эҳсоси ватандорӣ аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва афзалиятдори фаъолияти эҷодӣ ба ҳисоб меравад.
   Маҷаллаи «Сафо» ҳамчун нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  дар фазои иттилоотӣ мавқеи худро дорад.  Он бо мазмуну муҳтаво, сатҳу сифат ва намои зоҳириаш низ аз дигар матбуоти маҳаллӣ фарқ мекунад. Агар солҳои аввали фаъолият гуногунии мавзўъҳо, сифати матолиб, даврияти чоп ва теъдоди он чандон мувофиқи мақсад набуд, аммо имрӯз маҷаллаи “Сафо” ҳамқадами замон аст. Алҳол ин маҷалла ҳар моҳ як маротиба бо теъдоди 3000-3300 нусха дар матбааи ҶДММ “Орбита”-и шаҳри Душанбе ранга,  бо сифати баланд чоп мешавад. 
   Феълан, дар ин моҳнома журналистони пуртаҷрибаву кордида ва эҷодкорони ҷавону навовар фаъолият доранд. Дар ҳайати эҷодии маҷалла Мирзосаидиён Латофат Мирзосаид ҳамчун сармуҳаррир, Махфират Шоимова котиби масъул, Амонҷон Маҳкамов, Ҷамолиддини Усмон ва Билоли Шамс ходимони адабӣ  ва Сулаймон Султонов масъули сомона шомил мебошанд. Ҳамчунин бо маҷалла рӯзноманигорони собиқадор Шералӣ Саид, Аъзам Бобоев, Ҳотам Ҳоҷиев, Саидҷаъфар Сафархӯҷаев (Баёзӣ), Варқа Зайниддин, Ашк Юсуфӣ ва дигар эҷодкорон ҳамкорӣ доранд.  
   Қобили зикр аст, ки ҳарчанд “Сафо” ҳамчун маҷалла моҳнома аст ва асосан матолиби ғайрихабариро нашр мекунад, аммо дар сомонаи интернетии он маводҳои иттилоотӣ  низ пайваста нашр мешавад.
   Барои фаъолияти самарабахш дар рушди матбуоти вилоят ва иштироки фаъолона дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” маҷаллаи “Сафо” барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон аз рўи номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” дониста шудааст. Ҳамчунин журналистони маҷалла бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шудаанд.
   Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон баҳри дастгирии нашрияҳо ба идораи маҷалла як адад компютер ва аксбардори замонавӣ дастрас шуд. 

Амонҷон МАҲКАМОВ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019