Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
Дар доираи нақша-чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Кӯшониён як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, бо иштироки раиси ноҳия Вализода Икромиддин дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бинои иловагии мактаб иборат аз 6 синфхона ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулҳамид Муҳиддинов бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизот ва айёниятҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Инчунин дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” бинои ду ошёнаи маркази хизматрасонӣ, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Бобоҷон Ғафоров бо масрафи 200 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Ошёнаи якуми бино мағозаи замонавӣ буда, дар ошёнаи дуюм маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст. Иншооти мазкур барои беш аз 4 ҳазор сокинони деҳа хизматрасонӣ хоҳад кард.
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст Абдулҳамид Муҳиддинов ва Бобоҷон Ғафоров ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар рушду пешрафти тараққиёти ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Аксҳо аз дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД






