Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2021-2022
Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодони арҷманд,
падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!
падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!
Соли равон, таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ба даврае рост омад, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон, аз ҷумла аҳли илму маорифи вилояти Хатлон баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талоши қавӣ омодагӣ дида, дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаю маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузошта, бо рӯҳияи созандагиву ободкорӣ, дар фазои тинҷу ором ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ба таври шоиста кору зиндагӣ ва таҳсил доранд.
Ҳамагон хуб медонем, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалият-нок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯӣ кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, ҳамзамон дар ҷаласаҳои корӣ, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳояшон ба манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, борҳо таъкиду вазифагузорӣ намудаанд “... баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар” яке аз ҳадафи асосии Роҳбари давлат аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи ин соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва баргузору роҳандозӣ намудани ташаббусҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат-шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва ҳавасманд-гардонии шоистаи ғолибон, омӯзгорон ва падару модарони онҳо мебошад.
Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои самарабахши ин дастуру супориш ва ҳидоятҳои сарнавиштсоз, ҷиҳати таъмини рушди бо низоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ намуда, дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиё дар вилоят, дар баробари квотаю стипендияҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии наврасону ҷавонони лаёқатманд дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсису амалигардонии Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, хатми мактаб бо медали тилло ва нуқра, стипендияҳои номии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанию маҳаллӣ ба олимону устодони варзида, донишҷӯёну хонандагони аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, феҳрасти нопурраи тадбирҳои болозикр мебошанд.
Боиси хушнудист, ки соли равон дар радифи дигар дастовардҳои соҳаи маорифи вилоят муассисаҳои таълимиро бо медали тиллову нуқра ва аттестати аълои равиявӣ хатм намудани 5 нафар хамткардагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Восеъ ва Вахш дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фан-ҳои таълимӣ сазовори 606 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 106 медали тилло, 138 медали нуқра ва 362 медали биринҷӣ гардидани хонандагони болаёқати шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бештар аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ва шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Норак, Восеъ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Қубодиён ва Дӯстӣ мебошанд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар доираи амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, алалхусус Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам-кунии заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят 722 адад иншоотҳои соҳаи маориф, аз ҷумла 73 адад муассисаи томактабӣ ва 649 адад мактаби нав, бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки соли нави таҳсили 2021-2022 дар вилоят зиёда ба 50 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, наздик ба 1360 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 1000 адад муассисаҳои томак-табию марказҳои инкишофи кӯдак, ба таълиму тарбия наздик ба 800 ҳазор нафар хонанда, тайёру омодагии касбӣ наздик ба 90 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз ва ба тарбияи томактабӣ беш аз 40 ҳазор кӯдакони синни томактабиро фаро мегиранд, ки ба онҳо зиёда аз 50 ҳазор олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дарс хоҳанд гуфт.
Ҳамзамон, дарназар аст, ки соли таҳсили 2021-2022 теъдоди наврасони ба синфи 1-и муассисаҳои таълимӣ фарогиршаванда, ки бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд, ба зиёда аз 100 ҳазор нафар мерасад ва мусаллам аст, ки ин дустрӯякон ва волидайни онҳо бесаброна оғози соли нави таҳсили имсоларо интизоранд.
Аз ин лиҳоз, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси аҳли илму зиё ва устодони закиро дар рушду нумӯи ин кишвар, алалхусус дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот дарку эҳсос карда, пайваста қадршиносӣ менамоем.
Дар ин равад, вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19), ки бо зиёну ташвишҳои зиёди иқтисодию иҷти-моӣ, ҷаҳонӣ шудааст, масъулини мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва соҳавӣ, алалхусус кормандону алоқамандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва падару модаронро таъкиду хотирасон менамоям, ки ба масъалаҳои безараргардонии муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои беҳ-доштӣ, гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ диққати ҳамарӯза дода, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ аз ин вабои аср, корҳои тарғибу фаҳмонда-диҳии тарзи ҳаёти солимро тақвият бахшида, бо усулҳои сарироҳӣ, хона ба хона, синф ба синф, аз устод ба шогирд ва аз кӯдак ба кӯдакро дар сатҳи зарурӣ бароҳ монда, бо ҳамин дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён саҳмгузор шаванд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, сокинони шарафманди вилоят, алалхусус кормандону алоқамандони соҳаҳои илму маорифи вилоятро бо оғози соли нави таҳсили 2021-2022, Рӯзи донишу дарси сулҳ ва ҷашни фархундаи миллии дарпешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию эҷодкорӣ ва баҳри расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, касбӣ ва омӯзгорӣ муваффақият таманно менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



