Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ НАҚШАИ АНДОЗ
Аз нишастҳои матбуотӣ
Дар шаш моҳи соли 2021 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 846,7 миллион сомонии пешбинишуда, ба буҷет 902,3 миллион сомонӣ ворид карда шуд.Ин рақам нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 56,6 миллион сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2020 воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 191,4 миллион сомонӣ, ё худ 26,8 фисад бештар мебошад.
Дар ин бора сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Соҳиб Раҷабов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда афзуд, ки танҳо ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз уҳдаи иҷроиши нақша набаромада, онро ба андозаи 95 фоиз таъмин кард, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 912 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.
Ҳамчунин дар вилоят иҷроиши нақшаи андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 86 дарсад таъмин гардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 4,7 миллион сомонӣ ворид нашуд.
Бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 178,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 11,1 миллион сомонӣ кам гардидааст. Дар 23 шаҳру ноҳияи вилоят бақияи қарзи андозҳо дар ҳаҷми 12 миллион сомонӣ кам гардида, мутаассифона дар ноҳияҳои Ҷайҳун 606,9 ҳазор сомонӣ ва Ховалинг 213,5 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ба унвонии 11 ҳазору 788 нафар андозсупорандагони қарздор огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи 157,1 миллион сомонӣ ирсол карда шуда, аз ин ҳисоб 71,7 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
-Аз ҷониби Раёсати андози вилоят нисбати 3111 нафар андозсупорандагони қарздор 3756 қарорҳо дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 112,6 миллион сомонӣ қабул карда шуд, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 81 миллион сомонӣ ворид гардид,-гуфт С. Раҷабов.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



