Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бозсозии мавзеи сайёҳӣ
Бо харҷи ду миллион доллари ИМА мавзеи таърихию сайёҳии “Чилучорчашма”-и ноҳияи Носири Хусрав пурра азнавсозӣ карда мешавад.
Ин нуқтаро раиси ноҳияи болозикр Нишонзода Даврон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки лоиҳа бо дастгирии шарикони рушд амалӣ гардида, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли ҷорӣ оғоз хоҳанд шуд.
-Дар ин макон барои истироҳату фароғати сайёҳон ҳавзҳои махсуси шиноварии мардонаю занона бунёд хоҳад шуд. Инчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар ин мавзеъ як меҳмонхонаи хуштарҳу замонавӣ бо тамоми шароити хизматрасонӣ сохта мешавад, ки барои ҷалби сайёҳон ба ин макони таърихӣ заминаи хубе хоҳад гузошт,-гуфт Нишонзода Даврон.
Бояд қайд кард, ки ноҳияи Носири Хусрав барои рушди сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти обҳои минералӣ ва бахусус, чашмаҳои шифобахшаш имкониятҳои мусоид дорад.
Дар давоми шаш моҳи соли равон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия 13 ҳазору 400 нафар сайёҳон ташриф оварданд, ки аз ин шумора 250 нафари онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



