Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бунёду азнавсозии 200 иншоот дар нақша
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бунёду азнавсозии 200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 173 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Раиси ноҳияи болозикр Бадриддин Садриддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2018-ум 30 иншоот, соли 2019-ум 47, соли сипаригардида 60 ва дар шаш моҳи соли равон 36 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуданд. Боз дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Иншооти бунёдгардида аз қабили бинои маъмурии деҳоти “Носири Хусрав”, ва “Заркамар”, 11 бунгоҳи тиббӣ, чор толор ва майдончаҳои варзишӣ, мактаб парваришгоҳ, бинои шуъбаи маориф ва беморхона буда, баъди ба истифодадиҳӣ дар онҳо сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Дар баробари бунёди иншоот инчунин дар ноҳия 7,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 91 километр таъмири ҷорӣ карда шуда, ҳамзамон дар канори роҳҳо шаш ҳазор фурӯзонакҳо насб карда шудаанд.
-Маблағи умумии корҳои иҷрошуда зиёда аз 19 миллион сомониро дар бар гирифта, дар ин кор саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад,-гуфт Б. Садриддинзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



