Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Масрафи беш аз 60 миллион сомонӣ дар иншооти ҷашнӣ
Дар шаҳри Левакант ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёду азнавсозии 96 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи онҳо 61,8 миллион сомониро дар бар мегирад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Зарина Давлатзода иттилоъ дод.
Номбурда афзуд, ки аз ҷамъи умумии иншооти ба нақшагирифташуда 47 адад бо арзиши 46 миллион сомонӣ дар маркази шаҳр, 28 иншоот ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон” ва 21 иншооти дигар бо арзиши 10,9 миллион сомонӣ дар Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” бунёд хоҳанд шуд.
Ба иттилои ӯ соли 2018 ҳашт иншоот бо харҷи 1,9 миллион сомонӣ, соли 2019-ум 19 иншоот ба маблағи 4,4 миллион сомонӣ ва соли 2020 бо харҷи 18,3 миллион сомонӣ 45 иншооти ҳаётан муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Соли ҷорӣ бошад бунёду азнавсозии 24 иншоот бо арзиши 37,3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аллакай 80 иншоот дар шаҳр бо харҷи 29,8 миллион сомонӣ, 8 иншоот ба соҳаи маориф, 4 адад ба соҳаи тандурустӣ, 6 адад ба соҳаи варзиш, 5 иншооти истеҳсолӣ, 7 иншоот ба роҳҳои автомобилгард, 5 иншоот барои таъминоти об ва 45 адади дигар ба соҳаҳои иҷтимоию маишӣ бо таъсиси 369 ҷойи нави кор ба истифода дода шудаанд, ки 80 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



