Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАМОЮЛИ ЗИЁДШАВИИ ҶИНОЯТҲО ДАР ШАШ МОҲ
Аз нишастҳои матбуотӣ
Дар нишасти хабарии прокуратураи вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки сатҳи содиршавии ҷиноят дар шаш моҳи соли 2021 тамоюли болоравӣ дошта, ҳамагӣ дар вилоят 4261 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 773 ҳолат ё ин ки 22,1 фоиз зиёд мебошад.
Бино ба иттилои ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин дар самти назорати умумӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1080 санҷишҳо, 2889 амр, 2131 эътироз ва 1329 пешниҳод оварда шуда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 9358 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида, шумораи санадҳои эътиноии прокурорӣ 5009 адад ё ин ки 46,8 фоиз бештар гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби прокуратураи вилоят 216 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, оид ба ин ҳолатҳо 181 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли пор 58 адад ё 47 фисад зиёд мебошад.
Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин аз натиҷаи 88 санҷишҳо оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 1040 санадҳои прокурорӣ баровардашуда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1661 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Инчунин барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 271 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Мақомоти прокуратураи вилоят вобаста ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон диққати махсус дода, дар ин давра дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 1649 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 101 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 12,5 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Сулаймони Давлат
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



