Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАФАҚИГИРОН ЗИЁД ШУДАНД
Аз нишастҳои матбуотӣ
Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Саидмуъмин Мусозода зимни нишасти матбуотии ниҳоди хеш зикр кард, ки то 1-уми июли соли равон шумораи нафақагирон дар вилоят 262 ҳазору 800 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8825 нафар зиёд мебошад.
Ба таъкиди ӯ аз шумораи дар боло зикргардида 205 ҳазору 807 нафар гирандагони нафақаи меҳнатӣ, 56 ҳазору 993 нафар гирандагони нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин баробар 55 ҳазору 894 нафар гирандагони нафақаи маъюбӣ буда, 21,3 фоизи нафақагиронро ташкил медиҳад.
Маблағи моҳонаи нафақагирон дар вилоят бо дарназардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо 84,7 миллион сомониро дар бар гирифта, ҳисоби миёнаи нафақа ба 310,60 сомонӣ баробар мебошад.
“То санаи 2-юми июли соли ҷорӣ ба нуқтаҳои ваколатдори БДА “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят 503 миллиону 758,1 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардида, талаботи нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаш моҳи соли 2021 пурра маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди вилоят қарздорӣ аз нафақа мавҷуд нест”, - гуфт С. Мусозода.
Зикр шуд, ки баландтарин нафақа дар ҳудуди вилоят 6000 сомонӣ муайян шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД