Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
1510 ОИЛА АЗ ҲАМ ҶУДО ШУДАНД
Аз нишастҳои матбуотӣ
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 1510 оила ақди никоҳи хешро бекор карданд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 280 ҳолат зиёд мебошад.
Сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон гуфт, ки аз шумораи умумии нафароне, ки ақди никоҳи хешро бекор кардаанд, 1179 ҳолат бо қарори суд, 329 ҳолат бо розигии ду ҷониб аз ҳамсарон ва ду ҳолат бо розигии яке аз ҳамсарон ба амал омадааст.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз ҳисоби оилаҳои ҷудошуда 1532 нафар кӯдакон дар тарбияи яке аз волидон, (1461 кӯдак дар тарбияи модарон ва 71 кӯдак дар тарбияи падарон) мондаанд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар вилоят 11 ҳазору 796 ҳолат баста шудани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 159 ҳолат кам мебошад.
Инчунин дар ин давра 12 нафар сокинони вилоят бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд, ки хориҷиҳо аз давлатҳои Ӯзбекистон, Чувашия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Молдавия, Афғонистон ва Туркманистон мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



