Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Ба иттилои сомонаи www.president.tj дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сардорони ду оилаи зарардида Назаров Исмоил ва Азизова Малика калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ва тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст, тӯҳфа намуданд.
Биноҳои истиқоматӣ дар майдони 104 метри муррабаъ ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ: ошхона, ҳамом ва пешдолон иборат мебошад.
Сокинон аз кӯмакҳои пайваста ва ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оилаҳои зарардида дар кутоҳтарин муҳлат бо тамоми шароиту имкониятҳои зист таъмин мегарданд.
Корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва корҳои сохтмонии дигар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ харобгардида идома дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ба 1725 хоҷагии зарардида кӯмаки яквақтаинаи маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка ва дигар маводи рӯзғор расонида шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардидаашон ҳамчунин дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ ба монанди семент, арматура ва тахта дастрас карда шудаст.
Добавить комментарий
Ахбор
Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД



