Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТО СОЛИ 2025 БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОН АҲОЛИИ ВИЛОЯТ БО ОБИ БОЗА ТАЪМИН МЕШАВАД
То соли 2025 зиёда аз 1 миллион аҳолии вилояти Хатлон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин бора 23 октябр зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дода шуд. Дар ҷаласаи мазкур вакилони мардумӣ оид ба тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузории грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» қарори дахлдор қабул намуданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни шарҳи Созишномаи мазкур гуфт, ки он 25 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, маблағи умумияш ба 58 миллион доллари америкоӣ баробар мебошад.
Гуфта шуд, ки лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» аз се қисмат иборат мебошад.
- Давоми солҳои татбиқи лоиҳа корҳои зиёде, ба монанди бо оби ошомиданӣ таъмин намудани 426 маҳалли аҳолинишини дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Вахш тавассути сохтмони 445 километр шабакаи обрасонӣ, таъмин намудани 54 маҳалли аҳолинишини ноҳияи Восеъ бо оби тоза тавассути барқарорсозии зиёда аз 150 километр шабакаи обтаъминкунӣ, инчунин сохтмони иншооти беҳдошти санитарӣ ва ҳуҷраҳои санитарию гигиенӣ дар 150 муассисаи таълимӣ ва 50 муасисаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст, - илова намуд Ф. Қаҳҳорзода.Иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеи вилояти Хатлон бо оби ошомиданӣ ва хизматрасонии обу беҳдошт таъмин мегардад. Инчунин низоми устувори идоракунӣ дар корхонаҳои хизматрасонии бахши таъминоти об беҳтар гардида, идоракунии муосир ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2019 оғоз гардида, то соли 2025 идома меёбад.

"САФАО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!