Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бахшида ба таҷлили 49 солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
Лозим ба ёдовари аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии муҳити зист ҳамкории доими зоҳир менамоянд.
Натиҷаи чунин дастгириҳо буд, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ 20 адад қонунҳо, 17 барномаҳо ва якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул гардиданд.
Ҳифзи муҳити зист ва ноил шудан ба рушди устувор, проблемаи умумибашарӣ буда, сатҳ ва дараҷаи ҳалли он ба саъю кӯшиши ҳар як давлат алоқаманд мебошад. Албатта мо ояндаро ба таври кулл пешгирӣ карда наметавонем, вале таѓйиротҳои дар муҳит руҳ додаро таҳлил карда, то ҳадди имкон, ояндаро тасаввур карда метавонем.
Бо тарақиёти илму техникаи ҳозиразамон таъсири инсон ба табиат то рафт афзуда, ба омилҳои хатарнок табдил ёфта истодааст.
Дар натиҷаи таъсири антропогенӣ дар сайёра дар як муддати кутоҳ намудҳои зиёди гуногунии биологӣ ба ҳалокат расида, ба экосистемаҳое, ки дар давоми садсолаҳо ба амал омада буданд, зарарӣ ҷиддӣ дидаанд.
Фикр мекунем шукуфоӣ ва комёбиҳои тамоми инсоният, аз ҷумла ҳалқи тоҷик аз истифодаи самараноки захираҳои табии вобаста буда, муносибаташон ба табиат алоқаманд мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилотҳои глобалии сайёра шинохта шудааст. Давлати соҳибистиқлоли мо ба 10 конвесияи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамроҳ буда, онро эътироф менамояд.
Пешниҳоди чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қатънома қабул гардид, ки ин боиси ифтихори ҳар як шарҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷавобан ба қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 истифодаи самараноку оқилонаи обро беҳтар намуда, барои пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Дар ягон гӯшаи ҷаҳон мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, ҷашмаҳои ширин, дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дида намешавад.
Тоҷикистон бо табиати биҳиштосояш, кӯҳҳои сарбафалак кашида, обҳои зулол, ҳайвоноту набототи нодираш, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, кайҳо боз диққати сокинони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Бобати рушди соҳаи сайёҳӣ (туризм), ки дар Паёми Президенти мамлакат ҳамчун соҳаи дармадноки давлатӣ қайд гардид ва дар вилоятамон низ мавзеъҳои сайёҳии экологӣ хеле зиёд буда, ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд зоҳир намуда, ҷашнгирии рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ҳамаро бо мустаҳкам намудани ҳисси эҳтиром ба табиат, тозаю озодагӣ, хурраму зебо гардонидани диёрамон ҳидоят менамояд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шумо кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоят ва дар симои Шумо тамоми мардуми Хатлон замин, собиқадорон ва кормандони соҳаро, ки дар ҳифзи муҳити зист ва тарзи истифодаи дурусти захираҳои табии ҳиссагузоранд, ба рӯзи 5 июн, Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон зебоии табиат ва олами хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Саодатманду сарбаланд бошед!
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



