Бойгонӣ

Паёми табрикотии раиси вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 23 майи соли 2021

Ҳамдиёрони азиз!
Ҷавонони иззатманд!
Ифтихоровар аст, ки имрӯз дар фазои амну осоиштагии меҳан, мо ҷашнҳои миллию таърихиамонро бо ҳамдилию ҳамраъйӣ таҷлил мекунем.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон низ аз зумраи ҷашнвораҳоест, ки тамоми ҷавонони мамлакатро ба ҳам оварда, барои муаррифии дастовардҳо, рушди нерӯи зеҳнӣ, имконияту тавонмандиҳои ояндасозони миллат, шароити мусоид фароҳам меорад.
Рӯзи ҷавонон натанҳо ҷашни Шумо балки ҷашни кулли мардуми шарафманди вилоят аст. Бо истифода аз ин фурсат ҷавонон саодатманди вилояти Хатлонро ба ин муносибат самимона таҳният гуфта, бароятон хушбахтию сарфарозӣ, комгориву нишоти умрро таманно дорам.
 Ҷаҳони имрӯза, ки дар набарди муборизаҳои шадиди иттилоотии қарор дорад, пеш аз ҳама, ба афкори солиму созандаи насли ҷавони ҷомеа, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳамчун созандагони фардои давлатдории миллии тоҷикон баҳогузорӣ шудааст, иртиботи қавӣ дорад.
Аз ин рӯ ҷавонони саодатманди Хатлонзамини бостонӣ, ки як узви Тоҷикистони азиз ҳастанд, бо итминони комил муроҷиат намуда, сидқан боварӣ дорам, ки ҷавонони хатлонӣ бо нерӯи асили тоҷикона дар роҳи тақвияту пойдории музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамеша омодаанд.
Боиси сарфарозист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон дар соли истиқболи ҷашни муқаддасу таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ истиқбол гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мамлакат шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро бо таъкиди роҳбарияти олии сиёсии кишвар ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.
Таҷрибаҳо нишон дод, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар шароити имрӯза ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки маҳз рисолати бузурги ватандорию масъулиятшиносӣ, тафаккури созандаву ахлоқи ҳамидаи онҳо метавонад пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд.
Миллати тоҷик дар масири таърих бо урфу одат, забону фарҳанг, Нишону Парчам ва хираду таҷрибаи рангинаш миёни халқияту миллатҳои гуногун муаррифӣ гардида, дастовардҳои ниёгонро то ба замони имрӯза бегазанд ҳамчун мерос ҳифз намудааст. Ҷавонони бонангу номус ва ватандору ватансози замони соҳибистиқлолии вилоятро лозим аст, ки бо ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллимон истодагарӣ карда, онҳоро неъмати бебаҳо пос доранд.
Таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои то соли 2030, Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2018-2022, таъсиси Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёну хонандагони аълохон, квотаи Президентӣ барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар аз тадбирҳои муҳими давлатие мебошанд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакат равона гардидааст.
Дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ба масъалаҳои таҳсил, кору фаъолият, зисту зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамояд. Таъсиси стипендияи раиси вилояти Хатлон барои олимону муҳаққиқони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таълимӣ, таъсиси Ҷоизаи махсуси вилоятӣ барои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаи илмҳои тиб, табиатшиносӣ ва риёзӣ, бунёди мактабҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангии ҷавонон, ташкили курсҳои махсуси омӯзишӣ, аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки ба баланд бардоштани малакаву таҷрибаи корбарии ҷавонон ва таҳкими донишу ҷаҳонбинии онҳо равона гардидааст. 
Соли 2021, соли таърихиву аз ҳама ҷиҳат фаромушнопазир аст, зеро дар доираи таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта шудааст, ки ба тантанаҳои ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилои тоза мебахшад.
Қобили қайд аст, киварзиш низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатист, ки бе иштироки фаъоли ҷавонон рушд карданаш имконнопазир аст. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди 590 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то кунун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 54 толори варзишӣ, 304 майдончаи варзишӣ ва 36 адад майдончаи бозии кӯдакона, дар маҷмӯъ 396 иншооти гуногуни варзишӣ бо шакли муосир ба истифода дода шудаанд, ки наврасону ҷавонон пурра аз онҳо истифода мебаранд.
Ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он башорат медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ин самти муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, он дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад.
Мо ифтихормандем, ки имрӯз ҳам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нафар ҷавонони ҷасуру қавирӯҳи вилояти Хатлон сарбаландона хизмати модар-ватанро адо мекунанд. 
Ҷавонони азиз, фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният, субот, Истиқлолият ва ободии Ватани худро таъмин созад. Бояд ҳар як ҷавони бонангу номус, қавииродаю ватанпарвар аз мактаби мардонагию далерии сарбозону афсароне, ки дар марз барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амну суботи ҷомеа ва рӯзгори осоиштаи мардуми шарафманди диёр қарор доранд, сабақи далерию ҷавонмардӣ гирифта, дар ҳимояи ҳар як каф хоки Тоҷикистони азиз омода бошад.
Ман ба ҷавонони ба нангу номус ва худшинос, ватандӯстӣ вилояти Хатлон баҳри ҳифзи хоки муқаддаси меҳан ва посдоштани арзишҳои миллӣ эътимоди комил дорам.
Мутмаинам, ки ҷавонони вилоят ба қадри ин Ватани аҷдодию давлати соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд ва падару модарони худ дарси сабру таҳаммул, меҳнату ободкорӣ, ватандӯстию мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ меомӯзед. Дӯстию рафоқат, хоксорӣ зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошанд.
Бо ҳамин нияти нек ҳамаи шуморо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бори дигар табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси Хатлонзамин сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ, файзу баракат, саломатии бардавом, бахту иқбол, азму иродаи қавӣ ва сарбаландӣ орзу менамоям.
       Бахту саодат ва комёбиҳо ёратон бод!
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019