Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Ба шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мову Шумо имкон пайдо кардем, ки ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро озодона таҷлил, риоя ва пос дорем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр самимона таҳният гуфта, бароятон саодатмандӣ ва ба хонадонатон файзу баракат таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд кардаанд, ки «дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкилии онҳоро осон мегардонад. Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накукорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд».
Воқеан, аз нигоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мусулмонон Иди саиди Фитрро бо порсоиву парҳезкорӣ, покии ҷисму рӯҳ ва ба ҷо овардани фаризаҳои ин моҳи шариф, бо хуррамиву хурсандӣ, озодагӣ, эътиқоду боварӣ, имондориву тақво ва анҷом додани амалҳои хайру савоб истиқбол менамоянд. Яке аз маъниҳои калимаи «фитр» ҷомеа мебошад. Аз ин нуқтаи назар, иди саиди Фитр таҷассумгари ваҳдати аҳли ҷомеа буда, дар давоми асрҳо ба густариши дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият, раҳму шафқат, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ҳамбастагӣ миёни одамон боис гардидааст.
Дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам омадааст: «Аввал чизе, ки Худои таъоло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст». Дар асоси таълимоти дини мубини ислом, дар моҳи шарифи Рамазон додани садақаҳо, закот ва фитри рӯза ба нафарони эҳтиёҷманд, ятимон, маъюбон аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иди саиди Фитр роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ садақаи фитрро ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ намуда, ба нафарони эҳтиёҷманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷоти онҳо кумакҳо расонида мешавад.
Ҳамзамон, аз сокинони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бинобар сабаби оне, ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид соли 2021, ҳамчун «Соли ҳалокатбор ва мушкилиҳои вазнину бесобиқа» аз қабили хушксолӣ, норасоӣ ва қиматшавии маводи озуқа, афзоиши бекорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ эълон гардидааст бобати сарфаю сариштакории рӯзғор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вобаста ба ҳолати дар ҷаҳон бамиёномада бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва таъмини захираи маводи дусолаи хӯрока тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.
Инчунин, дар ҷашну маросим талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, маблаѓҳои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд, ба ҷойи харҷи беҳуда ба фарзандон шароити мусоиди илмомӯзӣ ва зиндагии шоистаро фароҳам оварда, фарзандонеро ба камол расонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлати соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди худ пуштибонӣ карда тавонанд, Ватани азиз ва марзу буми онро ҳимоят намоянд.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдаву серхароҷот мо бояд бо фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳалли зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – 30-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон гузорем».
Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик дар натиҷаи пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои наҷиби мардумӣ сазовори ҳурмату эҳтироми оламиён гардида, тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ, бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешиносанд.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба он ки ҳанӯз ҳам дар аксар кишварҳои ҷаҳон марҳилаи сеюми бемории сироятии COVID-19 ба саломатии мардуми сайёра таҳдид карда истодааст, масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар бинову муассисаҳои шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ муҳим мебошад.
Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни умумимилиамон 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, шукрона аз толеъ ва бахти баланди худ менамоянд. Аҳли заҳмати вилояти Хатлон низ ба пешвози ин ҷашни муқаддаси миллӣ дар ободонию созандагиҳо фаъол буда, ҷиҳати бунёду азнавсозии қариб ҳашт ҳазор иншооти таъиноти гуногун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят намунаи барҷастаи созандагиву бунёдкориҳоро нишон медиҳад.
Бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамдиёрони арҷманд шодбош гуфта, бароятон хонаи обод, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, неруи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам.
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД