БАРЕНСӢ
Муҳаррир паси мизи корӣ нишаста, машғули навиштан буд. Дар боз гардида, ҷавоне мағрурона вориди ҳуҷраи хизматии вай шуд.
- Шеф, мумкин? - гуфт ҷавон калиди мошинро дар ангуштонаш мисли сеҳргарони сирк бозӣ доронда.
- Марҳамат, марҳамат, - гӯён муҳаррир боадабона аз ҷой хеста, ба ӯ вохӯрӣ намуд ва ҷои нишаст нишон дод.
- Дар ҳамин ҷо ягон одами ҳушёри соқро ёфтан мумкин? - пурсид ҷавон.
- Ҳушёрро? - ҳайрон шуд муҳаррир.
- Ҳа, як махлуқеро, ки хоку балои шеърро фаҳмад, - дар курсӣ по болои по лангар партофт ҷавон.
- Ҳоло ман шоир гӯед? - пурсид муҳаррир.
- Чӣ, гумон мекунед, ки фаќат шумо Афлотун? - аз кисааш коғазеро баровард ҷавон. Мана, ҳамин шоҳасарро хонда ҳаловат баред.
Намехоҳам, ки пир бошам, мехоҳам ҷавон бошам, - хонд муҳаррир ба қавле «шоҳкорӣ»-и ҷавонро ва китф дарҳам кашид.
- Чӣ ин қадар қанотак мезанед, ака? - Сафсата, э, фалсафаи шеърро дидед?
- Хайём шаведу равед, бо ин фалсафаатон, - лабханд зад муҳаррир.
- Хайём - паёмро монеду давомашро хонед, давомакашро, ки боз ормонӣ нашавед, - гуфт ҷавон.
Бо тамоми халқҳои гуногуни рӯи дунё ҳамзабон бошем, - хонд муҳаррир мисраи дуюми шеърро ва пакар шуд.
- Акочатон дар шеър забони экстремистиро ихтироъ карданӣ, - бо фахр гуфт ҷавон.
- Забони экстремистиро? - аз ҷояш як ќад парид муҳаррир.
- Ҳа, забонеро, ки ҷуку ҷондори рӯи замин онро фаҳмад.
- Забони эсперанторо гӯед? - ба пеши бараш туф-туф кард муҳаррир, яъне ягонаи умумибашарӣ.
- Ҳашар ин ҷо чӣ номаъқулӣ мекунад? Онро худакам меофарам, ки номам дар таърих ҷовидон монад.
- Истед, ки шеъратонро дар кадом баҳр навиштед? - пурсид муҳаррир.
- Онро дар баҳр - паҳр не, азоб кашида дар хона навиштам.
- Шеърҳо баҳр доранд, - фаҳмонданӣ шуд ба ҷавони мандонам муҳаррир.
- Ман ҳам мехостам ба сайёҳат баромада, шеърҳоямро дар ягон баҳр нависам, вале аз рӯзе, ки кинои ғарќшавии «Титаник»- ро дидам, дар баданам мурғак давид. На шаҳидиям мефораду на мурдаи дар офтоб.
- Маро нафаҳмидед, - шарҳ доданӣ шуд муҳаррир, - масалан, баҳри ҳазаҷ, рамал …
- Дар ҳамон баҳри Арали гуфтагиатон рафта як шеъри ҷигарӣ навиштанӣ будаму афсӯс, ки мегӯянд зормонда хушк шуда истодааст.
- Чӣ гӯям, ки ногуфтанам беҳтар аст, - оҳ кашид муҳаррир.
- Ҷони маро Ҳоҷикулол насохтааст, ки ба хотири ким - кадом баҳри шумо мегуфтагӣ дар дарё ғарқ шавам.
- Эҳтиёт ними ҳаёт гӯед? - лабханд зад муҳаррир.
- Як ҳуҷраи киштии зериобии «Курск» - ро барои шеърнависӣ иҷора гирифтанӣ будам. Хайрият, кадом рӯҳу арвоҳе дар пуштам будааст, набошад, муфти қурутоб мемурдаму шеър беворис мемонд, - ба фалокати киштии «Курск», ки дар баҳри Баренс ғарқ шуда буд, ишора намуд ҷавони шоиртарош.
- Тахаллусатон чист?
- Чӣ хел тахаллус ё он ҳам боз ягон баҳр аст?
- Лақаби шоириатон, - аз бефаросатии ҷавон ба танг омад муҳаррир.
- Гуфтам - ку, дар баҳри Баренс як шеър бо ҳамон чӣ гуфтед, талахусӣ, э, тахаллуси Баренсӣ навишта, замину замонро ларзонданӣ будам, ки дар пеши он «Мавҷҳои Днепр» об мехӯрд, вале нарафтагиям хуб шуд, зеро ҳоло ба дидори ман мушарраф намешудед.
Муҳаррир хост гӯяд, ки хас каму ҷаҳон пок, вале ҷавон шеърашро чанг зада гирифт.
- Ба шумо бахилҳо монад, бо баҳонаи баҳру паҳратон қири шоирҳоро мебароред, - гуфт ҷавон аз дар баромада истода. Мехоҳед мурдаи маро дар баҳр моҳиҳо хӯранд? Э, не, хестӣ, ки хобӣ!
Муҳаррир асабиёна гӯшаки радиоро тоб дод. Ҷавоне сӯхтаю пухта реп мехонд…