Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
CАДОҚАТ БА САВГАНД
Хилъати сафед дар тану дармонбахшӣ ба одамон орзуи овони наврасии Анор Ҳакимова буд. Бо гузашти вақт завқаш ба ин касб боз ҳам зиёд шуд. Ва ӯ тасмим гирифт, ки дар духтури мушфиқу меҳрубон шавад, то ба дигарон кумак кунад. Чунин андешаи созгор танҳо дар тахайюли одамоне чарх мезанад, ки онҳо хайрхоҳанд ва рисолати инсониро хуб дарк мекунанд. Анор Ҳакимова бо ҳама назокаташ чил сол мешавад, ки дар беморхона ба ҳайси ҳамшираи шафқат ва сарпарастор ба мардум хизмати тиббӣ мерасонад.
Ӯ зодаи ноҳияи Панҷ аст. 6- уми январи соли 1963 дар дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1980 мактаби миёнаи умумии №4-ро хатм намуда, сипас бо орзуву ниятҳои нек ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) дохил шудааст.
-Он замон ба идомаи таҳсили духтарон дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳо аксари падарон монеъ мешуданд, - мегӯяд Анор Ҳакимова - Кам касоне дур аз деҳа дар шаҳр мехонданд. Ҳарчанд апаам Адолат имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло супирида бошад ҳам, аммо падар аз гапу калочаи мардум ҳаросида, бо баҳонаи он ки гӯё апаам аз имтињон нагузаштааст, ба таҳсили ӯ иҷозат надод. Зеро то он вақт ягон духтар аз деҳаамон дар шаҳр таҳсил накарда буд.
Вале баъд аз чанде падарам рағбати апаамро дида, ӯро худаш ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил кард ва гуфт, ки бояд духтарон ҳам соҳибмаълумот бошанд, то дар зиндагӣ дар намонанд, - нақл мекунад њамшира.
Анор Ҳакимова низ аз авони кӯдакӣ духтур шудан мехост. Ба гуфтаи худаш ӯ ба ҳадде ин касбро дӯст медошт, ки ҳатто дар лўхтакбозӣ бо ҳамсолонаш ҳамеша нақши хилъатсафедро бозї мекард. Дар мактаб бошад, масъули тозагии ҳамсинфонааш буд. Ҳар саҳар дасту рӯи онҳоро аз назар гузаронида, ҳатто ҳамроҳаш доруқуттӣ гирифта мегашт. Ин завқу хоҳиш бону Анорро ба ҳамин роҳ бурд.
Ӯ баъд аз хатми омӯзишгоҳи тиббӣ тамоми ҳастияшро ба пешаи интихобнамудааш бахшид. Аз болои худ бисёр кор кард, ҳамеша донишашро сайқал дод ва таҷриба омӯхт. Аз соли 1982 то 2000-ум дар шуъбаи ҷисмонии кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ба ҳайси ҳамшира кор кард.
-Дар солҳои 90-ум кор хеле душвор буд. Соҳаи тандурустӣ мисли имрӯз пешрафта набуд. Вале талабот ба он хеле зиёд ба мушоҳида мерасид. Дар як деҳаи калон як ҳамшира кор мекард. Он ҳам бошад апаам Адолат. Љанги хонумонсӯз бароямон гарон афтид. Бародару падарам олами фониро тарк гуфтанд. Ман он замон 29-сола будам. Садоқату муҳаббатам ба ин касби пурифтихорам буд, ки онро ягон лаҳза тарк накардам. Шабу рӯз баҳри сиҳатии халқ дар талош будам, - мегӯяд ҳамшираи соҳибэҳтиром.

Анор Ҳакимова аз пешрафти илму техника ва шароиту имконоти имрӯзаи корӣ меболад. Ба гуфтаи ӯ дар ҳеҷ замоне мисли имрӯз муассисаҳои тандурустӣ чунин ободу зебо ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз набуданд. Ин ҳама пешравиро ин корманди соҳаи тандурустӣ натиҷаи сиёсати халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Анор Ҳакимова чаҳор сол ба ҳайси ҳамшираи калон ва аз соли 2005 инҷониб дар шуъбаи ҷарроҳӣ сарпарастор шуда кор мекунад. Вай аз дастгириву роҳнамоиҳои табибони ҳозиқ Сангак Баҳромов, Акрам Сафаров, Абдулқаюм Бобоев, Додарҷон Давлатёров , Миралӣ Назаров, Улфатмоҳ Саидова, Хайриддин Мирзоев ва Муҳаммадӣ Самиев миннатдор аст.
Ба ӯ аҳли коллективи беморхона эҳтироми хос доранд ва гиромияш медоранд ва ба касбияташ арҷ мегузоранд. Зеро ин зани ҳалолкору ширинсухан бо майлу рағбати зиёд солҳо боз дар хизмати мардум мебошад. Анор Ҳакимова муваффақияти худро дар садоқат ба савганди ёдкардааш дониста, хизмат ба халқу ватанро шараф мешуморад. Ба назари вай нафъи ҳар як инсон бояд ба дигарон ҳам расад.
– Мо аз модарамон Шаъмигул Маҳмадова чунин таълиму тарбия гирифтаем. Ва кӯшиш намудам, ки чаҳор фарзандамро дар ҳамин рўҳия ба воя расондам, то дар ҷамъият мавқеи худро дошта бошанд,- мегӯяд Анор Ҳакимова.
Ҳамаи фарзандони Анор Ҳакимова таълимдида ҳастанд. Ду нафари онҳо роҳи модарро интихоб намудаанду як нафар соҳибкор ва дигаре мисли падарашон Холназар Бухоров дар мактаб ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.
Дар давоми фаъолияти тӯлонии худ заҳматҳои Анор Ҳакимова бо як қатор ифтихорномаву сипоснома ва мукофотҳо қадрдонӣ шудааст, ки нишони сарисинагии ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи онҳо мебошад.
МУҲАББАТДобавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



