Бойгонӣ

МЕҲРГОН - ҶАШНИ МАРДУМИ ОРИЁИТАБОР

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги мардуми ориёитабор буда, бо шарофати истиқлолият ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид.


Ҳар сол дар моҳи октябр ин ҷашни бузурги ниёгон бо иштироки доираи васеи кишоварзон, аз тамоми гӯшаи канори Хатлонзамин бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» омадааст: «Меҳргон рӯзи 16 - уми меҳри моҳи ҳафтуми шамсӣ меҳрмоҳ, ки эрониёни қадим онро муборак шумурда ид мекарданд ва ин рӯзро Меҳргон меномиданд, мувофиқи достонҳои қадимӣ рӯзи ҳабс кардани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд будааст»


«Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,

        Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон».


Решаи калима - меҳр - офтоб, хуршед, моҳи аввали соли шамсӣ, ки ба аввали тирамоҳ ба 23 - юми сентябр - 22 - юми октябр рост меояд. Аз ин нигоҳ Меҳргон рамзи дурахши офтоби тобон, гармию садоқат, файзу баракати замини зарбахш, меҳру муҳаббати инсон ба замин аст, ки дастархонро файз мебахшаду дилу кошонаҳоро мунаввар мегардонад.

Донишмандони тоҷик бо такя ба китоби «Осор - ул - боқия» - и Абурайҳони Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз ҳазорсола хондаанд. Меҳр номи Офтоб буда, дар оини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд. Дар «Шоҳнома» - и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши Меҳргонро ба замони салтанати Ҷамшеди Фаридун нисбат медиҳанд. Таҷлили иди Меҳргон аз давраи салтанати Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастархони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд. Ҳамчунин рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, анвои хӯрданӣ гузошта онро бо бӯйи хуш монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар, заъфарон муаттар месохтанд, ки ин исботи фарҳангу маънавиёти ѓанӣ ва фазилати неку писандида доштани халқи тоҷик мебошад.



МЕҲРГОН - ҶАШНИ КИШОВАРЗОН

Ҳар сол сокинони вилояти Хатлон ҷашни бузурги ниёгон - Меҳргонро дар якҷоягӣ бо кишоварзону занони кадбонуву ҳунарманди вилоят дар сатҳи баланди ватандорӣ, эҳтиром ба расму таомули аҷдодӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастархони пурганҷ, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ самимона истиқбол менамоянд.

Бахусус, дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар ва ноҳияҳои вилоят ин ҷашни аҷдодӣ ҳар сол самимона таҷлил мегардад. Дар солҳои  2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлон ин ҷашни босахо, пурфайзу бобаракат самимона таҷлил мегардад.

Имрӯз деҳқонони Хатлонзамин дар иҷроиши яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ  дар мавқеи аввал қарор доранд, зеро онҳо маҳсули дастранҷи худро ба дохил ва хориҷи кишвар бароварда, Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд ва арзонию фаровонии бозорҳои истеъмолиро таъмин менамоянд.


НОН ШУДАМ - ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ

Сокинони Хатлонзамин аз соҳибистиқлолии давлат, ваҳдату ягонагӣ, дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ натанҳо шукргузоранд, балки ифтихор доранд, ки тоҷик молу маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ мебарорад, бо ташаббусҳои созанда баромад мекунад, забону фарҳанги миллиро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Маҳсулоти босифати кишоварзӣ низ муаррифгари миллат аст.Тавре меваҳои хушки Тоҷикистон дар дунё имрӯз харидорони худро пайдо кардааст.

Имрӯз зани тоҷик кадбонуи чирадастест, ки маҳсули дастранҷи ӯ дастархони бофайзу бобаракати мардумро пурѓановат намудааст. Дар солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ занону бонувони ҳунарманд ва ҷавонон талош доранд, ки бештар дар рушду нумӯи ҷомеа саҳмгузор бошанд ва дар  намоишгоҳҳои идона ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд.Нон беҳтарин неъмати зиндагӣ буда, дастархони моро файз мебахшад.Дар озмуни вилоятии «Нон шудам - шоистаи ҳар хон шудам» ва фестивали «Таомҳои миллӣ» беш аз 60 намуди нон ва таомҳои миллӣ манзури мардум гардонида шуд, ки ин гувоҳи ҳунарманду чирадаст будани зани тоҷик мебошад.

Зани ҳунарманд ва ботаҷриба Майдагул Раҷабова сокини деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор беш аз 50 сол аст, ки нону кулчаҳо ва таомҳои миллиро пешниҳоди мардум мегардонад ва ин ҳама файзу баркатро аз соҳибистиқлолии давлат ва тинҷию оромии сарзамин медонад.

- Ба қадри бузургии нон, ватани ободу озод, давлати тинҷу осоишта ва  Президенти маҳбуб бояд расид. Шукргузорӣ моро ба қуллаи мақсуд мебарад,-мегӯяд ин зани меҳнатӣ.


Шералӣ САИД
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019