Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИҚДОМИ ШОИСТАИ ТАҲСИН
Дар арафаи Рӯзи модар аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба оилаи ниёзманд Ҳалима Дурманова дар шаҳри Бохтар манзили истиқоматии ду ҳуҷрагӣ бо тамоми шароит тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки ин оила то имрӯз бо ду набераи маъюбаш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардааст ва Ҳалима Дурманова ягона таъминкунандаи рӯзгори ин оила буда, шуғлаш тамизкорӣ мебошад.
Қурбон Ҳакимзода аз номи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин модари меҳрубонро ба муносибати Рӯзи модар шодбош гуфта, барои ӯ ва пайвандонаш тансиҳатию рӯзгори босаодатро таманно кард.
Инчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ба ин оила кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз раиси вилоят ба шаҳри Левакант сафар карда, куҳансолтарин зани ин шаҳр Холдона Беғамоваро аёдат кард.
Раиси вилоят бо ин модари 92-сола суҳбати самимӣ анҷом дода, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ӯ кӯмаки молиявӣ расонид. Ба масъулони шаҳри Левакант дастур дода шуд, ки саломатии ин модари меҳрубонро зери назорати қатъӣ бигиранд.

Бояк қайд кард, дар аввали моҳи январи соли ҷорӣ бо дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Чамангул Боймуродова, ва писари панҷсолааш Юсуфҷон, ки сарпаноҳ надоштанд, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар манзили зисти якҳуҷрагӣ бо тамоми шароит тақдим карда шуда буд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



