"СОМОН-БАЙК" 1000 ДУЧАРХА ИСТЕҲСОЛ КАРД
ҶДММ “Сомон–Байк”-и шаҳри Бохтар шурӯъ аз моҳи апрели соли гузашта то инҷониб 1000 дучарха истеҳсол кардааст.
Тавре роҳбари корхонаи мазкур Расул Соҳибназаров зимни суҳбат зикр кард, корхона имкон дорад барои муштариён тибқи дархост ҳамарӯза 100 дучарха истеҳсол кунад. Айни замон дар ин корхона панҷ намуди велосипед истеҳсол шуда, масъулин нақша доранд онро то 15 намуд расонанд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки ду намуд дучархае, ки дар инҷо истеҳсол мешавад, тарҳашро худи коргарони корхона омода кардаанд. 50 фоизи қисмҳои эҳтиётии дучархаҳо маҳсулоти ватанӣ буда, 50 дарсади дигараш аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд.
Масъулини ҶДММ “Сомон-Байк” нақша доранд, дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дуконҳои хешро барои харидорон кушоянд. Чунки дучархаҳои истеҳсолкардаи онҳо аллакай харидорони хешро пайдо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур соли гузашта бо харҷи се миллион сомонӣ бунёд шуда, даҳҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ