Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қурбон Ҳакимзода : «Новобаста аз шароити душвор рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 таъмин гардид”
- Нишасти матбуотӣ-

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон нақши журналистонро дар дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2020 назаррас арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд.
- Раиси вилоят иброз дошт, ки новобаста аз шароити душвори паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 ва шиддат гирифтани хавфҳои иқтисодӣ рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 таъмин гардид. Соли сипаригардида, дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 22 млрд. 80,4 млн. сомонӣ расида, нисбати соли 2019-ум 993,6 млн. сомонӣ ва ё баробари 4,5 фоиз афзоиш ёфт.
Соли гузашта дар вилоят иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд. 533,6 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда ва ҳам соли 2019 зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки соли 2020-ум 62987 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, аз ҳисоби баргузории 343 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 4286 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 6539 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд.
Вобаста ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки ба хориҷи мамлакат зиёда аз 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, дурнамои пешбинишуда 120,0 фоиз таъмин гардид. Аз ҳаҷми умумӣ, 92260 тонна сабзавот, аз он 89366 тонна пиёз, 63 тонна полезӣ, 7401 тонна мевагиҳо, 59,5 тонна каду, 5738 тонна ангур ва 2482 тонна дигар намуди маҳсулотро ташкил дода, нисбати дурнамо 18 ҳазор тонна зиёд мебошад.
- Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода намуда, соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8 млрд.810,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбати соли 2019-ум 313,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад
Соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли зиёда аз 100 номгўи маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса нисбати соли 2019 афзоиш ёфта, аз 103,7 фоиз то 6 маротиба зиёд таъмин гардид.
Соли 2020 истеҳсоли 16 намуди маҳсулоти нав ба роҳ монда шуда, дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тољикистон соли 2020-ум 91 адад корхонаю коргоҳ бо 898 адад ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст,- афзуд раиси вилоят.
Дар робита ба корҳои ободонӣ зикр гардид, ки баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 7667 адад биною иншоотҳо ба нақша гирифта шуда, нақшаи иншоотҳо соли гузашта 267 адад зиёд карда шуд. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар 5811 адад бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, аз шумораи умумӣ 75,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, соли 2020-ум бунёду азнавсозии 2105 иншоот ба итмом расида, ба истифода дода шудааст, ки баробари 108,2 фоизи нақшаи солонаро ташкил мекунад.
Намояндагони ВАО вобаста ба бунёди иншооти нав, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои саноатии аз кор монда дар шаҳру навоҳии вилоят, ҳолати мелиоративии заминҳо, тарбияи кадрҳои журналистӣ аз ҳисоби хатмкунандагони факултаҳои журналистика ва ғайра суолҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ба як қатор журналистон барои фаъолияти пурсамар, инъикоси саривақтии рӯйдодҳои вилоят, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият ва саҳми муносиб гузоштан дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
«Сафо»

Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД