Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Чорводорони намуна
- кишоварзӣ -
Оилаи Саъдуллоевҳо, ки ҳамчун кишоварзони кордону муваффақ дар ҷомеа шинохта шудаанд, дар заминаи хоҷагии “Тухмикор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фермаи чорводорӣ ташкил намуда, дар он беш аз 300 сар ҳайвони калони шохдор ва қариб 100 сар моли майдаро парвариш мекунанд.
Фермаи мазкурро деҳқони номӣ Саидмурод Саъдуллоев ҳамроҳ бо фарзандонаш дар замини наздиҳавлигӣ бунёд намуда, дар он нигоҳубини молҳои сермаҳсулро ба роҳ мондаанд. Дар ин ҷо ҳамарӯза 10 нафар ба нигоҳубини чорво банд ҳастанд. Онҳо пеш аз ворид намудани чорво ба ферма аввал дар ҷойи алоҳида 21 рӯз молро махсус нигоҳубин карда, баъд аз гузаронидани чораҳои байторию санитарӣ ба парвариши он шурўъ мекунанд. Яъне дар ин ферма ҳамаи тадбирҳои чорводорӣ мувофиқӣ қоида сурат мегирад. Мутахассисон барои вазнгирии мол ва эмин доштан аз ҳама гуна бемориҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Ин аст, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот аз фаъолияти оилаи Саъдуллоевҳо тавсиф карда, таҷрибаи чорводории онҳоро намунаи ибрат хонд.
-Дар фермаи мо зотҳои чорвои маҳаллӣ, шведии зебо монанд ва аз ҳама бештар сментал мавҷуд аст. Ҳоло кӯшиш намуда истодаем, ки саршумори чорвои шведиро зиёд намоем. Зеро ин намуди чорво зуд вазн мегирад ва хеле ҳам сермаҳсул мебошад,- мегӯяд сарбайтори хоҷагӣ Бахтиёр Расулов.
Барои ноил шудан ба мақсад, яъне фарбеҳу сермаҳсул намудани чорво кормандони ин ферма базаи хӯрока ва ғизодиҳии дурусту саривақтиро аз ҳама муҳим медонанд. Аз ин лиҳоз онҳо қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии “Тухмикор”-ро самаранок истифода бурда, дар баробари дигар намуди зироати кишоварзӣ бештар ҷуворимаккаю ҷав ва беда мекоранд. Зеро ба гуфтаи чорводорон ғизонокии ин намуди маҳсулот баланд буда, барои нигоҳубини молҳои калону майда хеле мувофиқ аст. Барои зимистонгузаронии чорво дар хоҷагии мазкур 200 тонна ҷуворимакка, 130 тонна кунҷора, 250 тонна сенаж ва 200 дона бастаи коҳ захира карда
шудааст. Барои ғизодиҳии молҳо бошад, кормандони ферма хӯроки махсус омода мекунанд.
-Ҳар саҳар барои моддаговҳои ширдеҳ алоҳида хӯрока тайёр мекунему барои фарбеҳшавии буқаҳо алоҳида. Таркиби хӯрокаҳо вобаста ба ғизонокиашон фарқ мекунанд. Омехтаи хӯроки чорворо, орди ҷуворимаккаю ҷав, кунҷора ва намак ташкил медиҳад. Хӯрокаро (атола) мо аввал ҷӯшонида, сипас ширгарм карда, онро ба чорво медиҳем, -идома дод сарбайтор.
-Дар хӯроки нисфирӯзӣ бошад аз консентрати сенаж, силоси ҷуворимакка истифода мебарем. Дар хӯроки шом ба молҳо атолаи ҷуворимакка медиҳем, ки барои фарбеҳшавии онҳо нисбат ба кунҷора самара бештар аст. Дар 60 рӯз чорвои калони шохдор барои гӯшт омода шуда, ба қассобхонаҳои шаҳри Душанбе мефиристем.
Ин ҷо моли майдан, аз љумла зотҳои туркӣ, ҳисорӣ ва чуваланг низ парвариш карда мешавад. Чорводорон давоми се моҳ гусфандонро хуб нигоҳубин карда, ба бозор омода мекунанд. Ҷойи хушк, шароити мусоид ва таъмини дурусти хӯрока ба гӯсфандон аст, ки хоҷагидорон худи ҳамин сол бори дуюм насл мегиранд. Бахтиёр Расулов мегӯяд, агар аксарият дар як сол як маротиба аз моли майда насл гиранд, мо дар натиҷаи таъмини дурусти базаи хӯрока ду бор насл мегирем.
Заҳматкашони ин ферма мегӯянд, ки чорвопарварӣ аз ҷиҳати молиявӣ ҳеҷ зараровар нест. Баръакс агар кас аз таҳти дил меҳнат кунад, фоидаи хуб ба даст меорад. Ба гуфтаи мутахассисон барои расидан ба ин ҳадаф хушзоткунии чорво ва парвариши дурусти он нақши асосӣ дорад. Хољагидорон бо ворид намудани зотҳои пурмаҳсули чорво ва ба таври бордоркунии сунъӣ хушзот намудани молҳои маҳаллӣ ба натиҷахои назарас ноил шудаанд. Ин аст, ки чор бародарон ба ҳамин кор машғул ҳастанд. Зеро онҳо аз чорводорӣ баракат ёфта, дар баробари таъмини эҷтиёҷоти оила худ ба ниёзмандон дасти кумак дароз мекунанд.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Оилаи Саъдуллоевҳо, ки ҳамчун кишоварзони кордону муваффақ дар ҷомеа шинохта шудаанд, дар заминаи хоҷагии “Тухмикор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фермаи чорводорӣ ташкил намуда, дар он беш аз 300 сар ҳайвони калони шохдор ва қариб 100 сар моли майдаро парвариш мекунанд.
Фермаи мазкурро деҳқони номӣ Саидмурод Саъдуллоев ҳамроҳ бо фарзандонаш дар замини наздиҳавлигӣ бунёд намуда, дар он нигоҳубини молҳои сермаҳсулро ба роҳ мондаанд. Дар ин ҷо ҳамарӯза 10 нафар ба нигоҳубини чорво банд ҳастанд. Онҳо пеш аз ворид намудани чорво ба ферма аввал дар ҷойи алоҳида 21 рӯз молро махсус нигоҳубин карда, баъд аз гузаронидани чораҳои байторию санитарӣ ба парвариши он шурўъ мекунанд. Яъне дар ин ферма ҳамаи тадбирҳои чорводорӣ мувофиқӣ қоида сурат мегирад. Мутахассисон барои вазнгирии мол ва эмин доштан аз ҳама гуна бемориҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Ин аст, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот аз фаъолияти оилаи Саъдуллоевҳо тавсиф карда, таҷрибаи чорводории онҳоро намунаи ибрат хонд.
-Дар фермаи мо зотҳои чорвои маҳаллӣ, шведии зебо монанд ва аз ҳама бештар сментал мавҷуд аст. Ҳоло кӯшиш намуда истодаем, ки саршумори чорвои шведиро зиёд намоем. Зеро ин намуди чорво зуд вазн мегирад ва хеле ҳам сермаҳсул мебошад,- мегӯяд сарбайтори хоҷагӣ Бахтиёр Расулов.
Барои ноил шудан ба мақсад, яъне фарбеҳу сермаҳсул намудани чорво кормандони ин ферма базаи хӯрока ва ғизодиҳии дурусту саривақтиро аз ҳама муҳим медонанд. Аз ин лиҳоз онҳо қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии “Тухмикор”-ро самаранок истифода бурда, дар баробари дигар намуди зироати кишоварзӣ бештар ҷуворимаккаю ҷав ва беда мекоранд. Зеро ба гуфтаи чорводорон ғизонокии ин намуди маҳсулот баланд буда, барои нигоҳубини молҳои калону майда хеле мувофиқ аст. Барои зимистонгузаронии чорво дар хоҷагии мазкур 200 тонна ҷуворимакка, 130 тонна кунҷора, 250 тонна сенаж ва 200 дона бастаи коҳ захира кардашудааст. Барои ғизодиҳии молҳо бошад, кормандони ферма хӯроки махсус омода мекунанд.
-Ҳар саҳар барои моддаговҳои ширдеҳ алоҳида хӯрока тайёр мекунему барои фарбеҳшавии буқаҳо алоҳида. Таркиби хӯрокаҳо вобаста ба ғизонокиашон фарқ мекунанд. Омехтаи хӯроки чорворо, орди ҷуворимаккаю ҷав, кунҷора ва намак ташкил медиҳад. Хӯрокаро (атола) мо аввал ҷӯшонида, сипас ширгарм карда, онро ба чорво медиҳем, -идома дод сарбайтор.
-Дар хӯроки нисфирӯзӣ бошад аз консентрати сенаж, силоси ҷуворимакка истифода мебарем. Дар хӯроки шом ба молҳо атолаи ҷуворимакка медиҳем, ки барои фарбеҳшавии онҳо нисбат ба кунҷора самара бештар аст. Дар 60 рӯз чорвои калони шохдор барои гӯшт омода шуда, ба қассобхонаҳои шаҳри Душанбе мефиристем.
Ин ҷо моли майдан, аз љумла зотҳои туркӣ, ҳисорӣ ва чуваланг низ парвариш карда мешавад. Чорводорон давоми се моҳ гусфандонро хуб нигоҳубин карда, ба бозор омода мекунанд. Ҷойи хушк, шароити мусоид ва таъмини дурусти хӯрока ба гӯсфандон аст, ки хоҷагидорон худи ҳамин сол бори дуюм насл мегиранд. Бахтиёр Расулов мегӯяд, агар аксарият дар як сол як маротиба аз моли майда насл гиранд, мо дар натиҷаи таъмини дурусти базаи хӯрока ду бор насл мегирем.
Заҳматкашони ин ферма мегӯянд, ки чорвопарварӣ аз ҷиҳати молиявӣ ҳеҷ зараровар нест. Баръакс агар кас аз таҳти дил меҳнат кунад, фоидаи хуб ба даст меорад. Ба гуфтаи мутахассисон барои расидан ба ин ҳадаф хушзоткунии чорво ва парвариши дурусти он нақши асосӣ дорад. Хољагидорон бо ворид намудани зотҳои пурмаҳсули чорво ва ба таври бордоркунии сунъӣ хушзот намудани молҳои маҳаллӣ ба натиҷахои назарас ноил шудаанд. Ин аст, ки чор бародарон ба ҳамин кор машғул ҳастанд. Зеро онҳо аз чорводорӣ баракат ёфта, дар баробари таъмини эҷтиёҷоти оила худ ба ниёзмандон дасти кумак дароз мекунанд.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


