09 окт 15:00АСОСӢ / Ахбор / Мақомот

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Аз соли 2009 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ бузургтарин ва арзишмандтарин сарвати ниёгони мо маҳсуб меёбад. Забони модарии мо дар тӯли мавҷудияти чандҳазорсолаи худ аз санҷишҳои сахту ҷиддии таърих гузашт, сарфи назар аз кӯшишҳои душманон барои аз байн бурдани ин забон мавҷудият, мақому манзалати худро нигоҳ дошт.

Боиси ифтихору сарфарозии мо - соҳибзабонон аст, ки забони модарии мо мақоми давлатӣ дорад ва забонест, ки бо он Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни  Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз ва дигарон сухан гуфтанду офариданд ва номи тоҷикро дар Шарқ машҳур кардаанд.

Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Забон- омили асосии рушду камоли миллат ва давлат» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода М. У, олимон, устодони ДДБ ба номи Носири Хусрав, фаъолон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Махфират Хидирзода оид ба мақому манзалати забони давлатӣ, рушду такомули он дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, зикр намуд, ки забон шиносномаи миллат, нишонаи мавҷудият, интиқолдиҳандаи фарҳангу адабиёт ва муҷиби пойдории  ин ё он миллат мебошад. Миллат бо забонаш ҷовидон аст. Бо пуштибонӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқа рушд  кард ва мақому мартабаи он таҳким ёфт,- афзуд  зимни  суханронӣ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода. 

Ҳасани Муродиён доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар бобати нафосату балоѓат ва фасоҳати забони модарӣ, мақому мартабаи он   ибрози назар намуд. -Дар ҷаҳон зиёда аз 6 ҳазор забон мавҷуд буда, танҳо 100 забон мақоми давлатӣ дорад. Мақоми забон ва Ватан барои ниёкони мо яку муқаддас аст. Аз ин рӯ мо бояд барои пойдории  ин сарвати бебаҳо талош кунем, - афзуд  Ҳ. Муродиён

Мавсуф вобаста ба талошҳои зиёиёни тоҷик барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар солҳои 1980-уми  асри гузашта, бедории миллӣ андешаронӣ намуд.

Раҷабалӣ Худоёрзода номзади илми филологӣ дар баромади хеш оид ба риояи меъёрҳои забони адабӣ, бе мавқеъ истифода шудани баъзе калимаю вожаҳо, хатоҳои имлоӣ дар матбуот ва дигар Воситаҳои ахбори омма, маданияти сухан, фаъолияти комиссияҳои татбиқи забони давлатии кишвар ва дигар масоили марбут ба забони давлатӣ ибрози назар намуд. -Ба таври зарурӣ надонистани забони модарӣ ин аз надоштани ҳисси миллии шахс дарак медиҳад. Ҳар як шахсро лозим аст, ки пеш аз ҳама бояд худшиносу худогоҳ бошад, забон, фарҳанг, адабиёт, таърих, урфу одат, анъанаву маросим ва умуман тамоми арзишҳои миллии худро эҳтирому пос дорад, вагарна носипосӣ ба арзишҳои миллӣ шахсро бегонапарасту беҳис ва манқурт мегардонад- зикр намуд  Р. Худоёрзода. 

Устоди донишгоҳ ҳамчунин аз истифодаи калимаҳои аҷнабӣ дар навишту гуфтор изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки забони тоҷикӣ бой  буда, метавон аз калимаву вожаҳои нобу гӯшнавози тоҷикӣ истифода кард. -Ҳангоми ҷамъбандии калимаҳои арабӣ ба иштибоҳ роҳ дода, ба он гуна калимаҳои дар шакли ҷамъ омада боз пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикӣ гузошта, шакли калимаҳоро вайрон месозанд. Чунончӣ, аксаран мешунавему мехонем, ки баъзеҳо ба ҷойи калимаҳои «абёт», «абётҳо», «рубоиёт», «рубоиётҳо», «талабот», «талаботҳо», «сабзавот», «сабзавотҳо», «мақомот», «мақомотҳо», «маҳсулот», «маҳсулотҳо», «мавод», «маводҳо», «ахбор», «ахборотҳо», «маълумот», «маълумотҳо», «шароит», «шароитҳо» мегӯянду менависанд, ки саҳеҳ нест, - гуфт дар идомаи суханронӣ Р. Худоёрзода.

Дар ҳамоиш ҳамчунин Носирҷон Маъмурзода, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Шарипов Сангимурод, номзади илмҳои филологӣ, Қумринисо Сангалиева, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигарон оид ба мавқеъ, ҳифзу гиримодошти забони модарӣ андешаронӣ намуданд.


Л. МИРЗО
Добавить комментарий