Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
02 янв 10:32АСОСӢ / Ахбор / Мақомот

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА ДИДОРИ ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИТУС РАФТ


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба дидори тарбиягирандагони Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ноҳиявии кӯдакони ятим ва камбизоати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус рафт.

Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Тавре манбаъ менависад, аз ҷониби раиси вилоят барои кӯдакони мактаб-интернат дар тарабхонаи маркази хизматрасонии «Марҳабо» аз номи Пешвои миллат дастурхони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Зимни мулоқот бо ятимон раиси вилоят наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба омӯзиши илмҳои муосир, дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо кардани Ватани аҷдодиамон ҳидоят намуд.

— 22 сентябри соли 2020 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин толор бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуда буданд, — ёдовар гардид раиси вилоят. — Ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Қурбон Ҳакимзода ба ятимон, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳо иборат аз сару либоси мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол, инчунин ба мактаб-интернат компютерҳою таҷҳизоти гармидиҳанда тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки мактаб-интернати кӯдакони ятим ва камбизоати ноҳияи Шаҳритус соли 1995 таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии он 1 гектар буда, аз бинои хобгоҳи дорои 7 ҳуҷраи хоб, ҳаммом, ошхона иборат мебошад.

Айни замон дар муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ноҳиявии кӯдакони ятим ва камбизоат 81 нафар тарбиятгирандагон аз ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва Вахш фаро гирифта шудаанд, ки 25 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Аз шумораи хонандагон 2 нафар ятими кулл, 21 нафар бепадар, 9 нафар бемодар ва 36 нафар бепарастор мебошанд.

Хонандагони мактаб-интернат дар тамоми олимпиадаву мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар охири мулоқот раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз тарбиятгирандагони мактаб-интернат даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.

         А. ФАЙЗ "САФО"
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД