ВОХЎРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОҲИБКОРОН

Дар толори Кохи фарҳанг ва Маркази иттилоотии шаҳри Бохтар вохўрии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо соҳибкорони вилоят баргузор шуд. Ба ин муносибат намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуда, гурўҳи калони соҳибкорон барои саҳми намоён дар ободонию бунёдкории шаҳру навоҳии вилоят қадршиносӣ гардиданд.

Соҳибкорӣ асоси пешрафти ҷомеа ва устувории давлат маҳсуб меёбад. Рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба рушди саноат ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии вилоят заминаи боэътимод фароҳам меорад. Аз ин нигоҳ баргузор кардани вохўрии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо соҳибкорони ватанӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. 

Дар саҳн ва дохили Қасри фарҳангӣ ва Маркази иттилоотии шаҳри Бохтар, пеш аз мулоқоти соҳибкорон бо раиси вилоят намунаи маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсолотчиёни ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон намунаи беҳтарин маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти ширӣ ва қаннодӣ пешниҳоди сокинони маркази вилоят гардонида шуд. 

Аз намоишгоҳ раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини якум, муовинони раиси вилоят, меҳмонон – соҳибкорони хориҷӣ дидан карда, бо соҳибкорон ва истеҳсолотчиёни ватанӣ аз наздик суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.

Аз намоишгоҳ аён буд, ки соҳибкорӣ дар Хатлонзамин сол то сол рушду нумўи тоза ёфта, саҳми соҳибкорони ватанӣ, мардони бонангу номуси диёр дар ободонии ин гўшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешрафту шукуфоии меҳани азиз басо назаррас ва арзанда мебошад. Дар вилоят ҳунарҳои мардумӣ, соҳибкорӣ дар риштаи саноат, кишоварзӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Ин аст, ки ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ сол то сол зиёд гардида, соҳибкорони ватанӣ дар содироти маҳсулот, муаррифии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ мақому мартабаи худро пайдо мекунад.

Зимни нутқи пурмуҳтавои худ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бори дигар суханони Пешвои муаззами миллатро ёдовар шуд: «Боигарии асосии Тоҷикистон на танҳо сарватҳои табиӣ, балки фарзандони бонангу номус, навҷўю эҷодкор, ихтироъкор, бунёдкор, яъне шумо соҳибкорони баномуси диёред». 

Ба хотири рушди соҳибкорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, ки воситаи муҳими рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад ин вохўрӣ дар сатҳи баланди ватандорӣ, муҳаббат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, ватансозиву ватандорӣ баргузор гардид. Раиси вилоят ба қудрату тавоноӣ, дарки баланди масъулияти ватандории соҳибкорон эътимоду боварии қавӣ намуд. Тағйирот ба Кодекси андоз ба хотири сабуктар гардонидани кори соҳибкорон буд. Фазои озоди сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, додани қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, грантҳои президентӣ ва раиси вилоят фардо ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат, муаррифии Тоҷикистон бо молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва бозгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин радиф раиси вилояти Хатлон роҳбарияти Раёсати рушди иқтисод ва савдо, шуъбаи саноат ва энергетика, Раёсати сармоягузорӣ ва Идораи амволи давлатии вилоят, маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон ва дигар мақомоти марбутаро вазифадор намуд, ки ҳамкориро бо соҳибкорон зич ба роҳ монанд, ҳамаҷониба соҳибкорони бонангу номуси диёрро дастгирии комил намоянд. Хушбахтона, дар вилояти Хатлон чунин соҳибкорони неруманд, ватандор, бунёдкор хело зиёданд. Онҳо мехоҳанд бо меҳнати фидокоронаи худ шабу рўз дар хизмати халқу ватани азиз бошанд. Дар назди иштирокчиёни вохўрӣ чанд тан аз соҳибкорони ватанӣ баромад карда, ин иқдоми роҳбарияти вилояти Хатлонро намунаи олии ватандорӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистон арзёбӣ доштанд. Бо сарафрозӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ иброз доштанд, ки фардо боз чандин биноҳои истиқоматӣ, мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ бунёд карда, саҳми худро дар пешрафти ин гўшаи ватан мегузоранд. Дар поёни ин мулоқот зиёда аз 40 нафар ободгарони ватан, бунёдкорон, соҳибкорони бонангу номуси Хатлонзамин барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мумфаршу сангфарш кардани роҳҳо, дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, бунёди гармхонаҳои замонавӣ, рушди соҳибкориву чорводорӣ, сохтани пулҳо ва иҷрои дигар амалҳои ҷавонмардонаю инсондўстона бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Ин қадршиносӣ онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав, бунёди иншооти таъиноти гуногун ҳидоятгар аст. Ҷашни 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнати фидокорона, бунёди қариб 8 ҳазор иншооти ҷашнӣ самимона ва дар сатҳи баланди ватандорӣ истиқбол мегардад. Чунин буд, муҳтавои мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо соҳибкорони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят.

                Шералӣ САИД

Добавить комментарий