28 дек 16:03АСОСӢ / Ахбор / Варзиш

БОЗГАШТИ ШУҲРАТ

- Варзиш -

Сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё (the-afc.com) рўйхати даҳ дастаи маъруфтарини Осиёи Марказиро нашр кард, ки ба он “Равшан”-и Кўлоб, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Истаравшан”-и Истаравшан шомил шудаанд.

Бошгоҳи футболи “Равшан” дар миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта таъсис ёфта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз дастаҳои бо мухлисони сершумораш машҳури кишвар табдил ёфтааст. Дастаи “Равшан”, ки солҳои 2012 ва 2013 унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст овард, дар мавсими соли 2020 барандаи Ҷоми миллӣ гардида, ба лигаи олии футболи кишвар баргашт. Дар мавсими имсолаи мусобиқаи футбол байни дастаҳои лигаи якум бозингарони дастаи “Равшан”-и Кўлоб як давр пеш аз анҷоми мусобиқа ғолиби ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло шуданд. “Равшан”-и Кўлоб дар бозии ниҳоӣ бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардида, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2020 шуд. Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои “Равшан” ва “Хатлон” рўзи якшанбе, 18-уми октябр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бе ҳузури тамошогарон доир шуда, голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгар Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд. Дар маросими мукофотсупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, ба дастаи “Равшан” Ҷоми Тоҷикистон ва медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Дар анҷоми мавсими мусобиқаи футбол байни лигаи якуми мамлакат суҳбате доштем бо сардори дастаи футболи «Равшан»-и Кўлоб Баҳром Рустамов.

- Хуб мешуд нахуст сабабҳои аз лигаи олӣ ба лигаи якуми футбол фаромадани дастаи “Равшан”-ро шарҳ медодед?

- Мушкилоти даста аз соли 2016 сар шуда буд. Бинобар набудани сарпараст ва маблағгузорӣ нашудан футболбозони мо ба дигар дастаҳо рафтанд. Ҳамин тавр тими футболе, ки солҳои 2012- 2013 Қаҳрамони Тоҷикистон шуда, дар соли 2015 бошад ҷойи сеюмро дар байни дастаҳои Лигаи олии кишвар соҳиб шуда буд, аз нимаи дуввуми соли 2015 маблағгузорӣ нашуд ва дар соли 2016 бесарпараст монд. Бинобар ин гарчанде ки соли 2015 мо дар байни дастаҳои лигаи олии мамлакат ҷои сеюмро гирифта будем, вале бо сабаби он ки аъзоҳаққии ФФТ ва маоши бозингаронро дода наметавонистем, дастаи мо ба лигаи аввали футболи кишвар баргашт. Тибқи ҳисобҳои ман дар соли 2017 хароҷоти солонаи дастаи “Равшан” бо маоши камтарини бозингарон 500 сомонӣ тақрибан 500 ҳазор сомониро ташкил медод. Соли 2018 даста маблағгузорӣ нашуда буду мо бозингаронро аз ҳисоби худамон ба мусобиқаҳо мефиристодем ва бозингарон умуман маош нагирифта буданд.

- Маблағгузории даста аз кадом сол беҳтар гашт ва дар қалби бозингарон умеди ба Лигаи олӣ баромадан чӣ тавр пайдо шуд?

- Соли 2019 бо супориши раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои дастаи “Равшан” 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Ин маблағ барои маоши бозингарон истифода шуд. Хароҷотҳои дигари дастаро мо аз ҳисоби худамон ва шиносу дигар дастгириҳои мухлисон, бозиҳои сафариашонро ба вилояти Суғд, ки вазнинтар буд, Давлатов Зайниддин кумак кард. Соли 2020 бошад, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 400 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, мо музди маошро пардохт намуда, бозингарони хубро ба даста даъват намудем, то дубора ба лигаи олӣ бароем.

Қобили зикр аст, ки дар соли охир дар баробари дастгириҳои молии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин бо ташаббуси раиси шаҳри Кӯлоб Вализода 50 ҳазор сомонӣ чудо гардида буд. Ҳамчунин ба хотири Қаҳрамони лигаи якуми кишвар гардидан боз 30 ҳазор сомонӣ аз буҷети шаҳри Кӯлоб барои бозингарони дастаи “Равшан” туҳфа намуданд. Дар мавриди дастгирии бозингарон ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки дар солҳои раиси шаҳрро ба уҳда доштани Абдуғаффор Раҳмонов ва Амоннулло Хайрулло ду нафар аз бозингарони дастаи “Равшан” бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ таъмин шуда буданд.

- Ба қавле бозингари рақами 12 дар футбол ин мухлисонанд. Оё дар давраи мушкилоти молии дастаи “Равшан” мухлисон иқдоме намуда буданд, ё хайр?

- Оре, аз он солҳо мо ташаббусҳои наҷиби иддае аз мухлисони дастаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми сафарҳо мухлисонамон аз ҳисоби худ моро дастгирӣ мекарданд. Албатта, дар давраи пешгирӣ аз хуруҷи бемории коронавирус бозиҳо бе тамошобинон мегузаранд, аммо умед дорам, ки дар оянда мухлисони мо дарк хоҳанд намуд, ки бо пардохти нархи чипта ба тамошои бозӣ омадан дастгирии хубе барои нигоҳдории дастаи дӯстдоштаашон мебошад.

Ёд дорам дар солҳои авҷи шуҳрати дастаи футболи “Равшан” мухлисонаш барои тамошои бозиҳои мо ҳатто оҷилан аз Федератсияи Россия омада, рӯзи дигар боз ба муҳоҷират мерафтанд.

- Чанд нафар бозингари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар тими мунтахаби кишвар шомиланд?

- Муҳаммадҷон Раҳимов, ки тариқи шартнома ҳоло дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ дорад, аъзои тими мунтахаби миллӣ мебошад. Амирҷони Фаррухзод бошад, дар дастаи мунтахаби 18 - солаҳои кишвар бозӣ мекунад. Аслан ба дастаи мунтахаби кишвар бозингаронеро интихоб мекунанд, ки дар дастаҳои лигаи олии кишвар бозӣ мекунанд. Дар баробари ба Лигаи олӣ баромадани дастаи мо бозингари даста Некрўз Гадоев ба тими мунтахаби футболи кишвар даъват шудааст.

- Дар солҳои қаблӣ дастаи футболи “Равшан” аз надоштани сарпараст ба лигаи якум фаромада, бозингарони зиёд худро аз даст дод. Ба Шумо чӣ гуна муяссар гардид, ки тими бозингаронаш ҷавону навтаҷрибаро ба Лигаи олӣ бароред?

- Дар давраи бесарпарастӣ, ки аз Лигаи олӣ барканор шуда будем, бо футболбозони наврасу ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, ҳайати дастаи «Равшан»-и Кўлобро пурра ҷавон кардем. То соли 2020 аксарияти бозингарони мо хонандагони мактабҳои миёна буданд, ки дар бозиҳои лигаи якум онҳоро ба бозӣ шомил намудем. Хушбахтона, имрӯз дастпарварони мо барои иштирок дар бозиҳои футболи лигаи олии мамлакат омода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар мактаби варзишии шаҳри Кўлоб наврасони синну соли гуногун, таҳти тамринҳои 5 тан мураббияҳои  футбол обутоб ёфта истодаанд. Аз ҷумла, соли гузашта дастаи бозингарони 17 - солаи мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ва имсол дастаи бозингарони 15 - солаи мактаби мазкур дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи якумро соҳиб шудаанд.

-Дар бораи нақшаҳои даста ва тамрину омодагиҳо ба мавсими футболи соли 2021 чӣ гуфтаниҳо доред?

-Албатта, барои футболбозон дар шароити беҳтару ҳамзамон дар дигар кишварҳо тамрину ҳам истироҳат намудан беҳтар аст. Аммо мо вобаста ба имкониятҳоямон имсол ҳам ба шаҳри Норак меравем ва футболбозонро дар он ҷо 10-15 рўз тайёр мекунем. Имсол ду маротиба машқҳои дастаҷамъонаро мегузаронем. Замоне дар дастаи «Равшан» -и Кўлоб 4 бозингари хориҷӣ яке аз Нигерия ва се нафари дигар аз Гана бозӣ мекарданд. Вобаста ба имкониятҳои молӣ ва зарурат шояд дар оянда дар сафи бозингарони мо футболбозони хориҷиро ҳам дубора бубинед. Чаро не? Нияти нек ними давлат гуфтаанд.

- Ташаккур.

Мусоҳиб Билоли ШАМС

Добавить комментарий