Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Торти «Малика»
- Суфраи "САФО" -
Маҳсулот:
Тухм - 5 дона
Сафедии тухм - 3 дона
Шакар – 100 гр
Равғани растанӣ – 3 қошуқ
Хушбӯйкунанда – 1 борбанд
Лолахасак (мак) - 0,5 истакон
Орд – 4 қошуқ
Моддаи ковоккунанда – 1 қошуқча
Крем:
Қаймоқ – 80 гр
Хокаи шакар – 100 гр
Тарзи омода намудан: Зардии тухмро аз сафедияш ҷудо мекунем. Сафедии тухмро то нишоломонанд шудан лат мезанем, сипас кам – кам шакар илова намуда, то ҳаҷман зиёд шудан лат задан лозим аст. Дар баробари лат задан ба он зардии тухм ва равған ҳамроҳ карда, боқимондаи шакарро низ илова мекунему ҳамаи онро омехта карда, лат мезанем.
Дар зарфи алоҳида орд, хушбўйкунанда, лолахасак ва моддаи ковоккунандаро омехта карда, ба маҳсулоти латзада ҳамроҳ мекунем ва бо қошуқ хамирро омода мекунем ва ба тобаи тафдон рехта мепазем. Гармии тафдон бояд 180 дараҷа бошад ва муддати 10 дақиқа мепазем. Набояд фаромӯш кард, ки хамирро бояд ба се қисм тақсим карда пазем.
Дар охир қаймоқ ва хокаи шакарро бо хушбўйкунанда якҷоя лат мезанем ва ба қабатҳои коржҳо мемолем. Ороиши торт аз худи кадбону вобастагӣ дорад, метавонед бо шоколад, мевагӣ ё кулчақандҳо оро диҳед.

Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо