Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР БОХТАР БА ГУЛШИНОНӢ ОҒОЗ КАРДАНД
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар мавсими шинонидани гулҳои ороишӣ оғоз гардид. Дар маъракаи шинонидани гулҳо, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, Давлатзода Наҷмиддин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва роҳбарону кормандони қисме аз идораю ташкилотҳои вилоятию шаҳри иштирок доштанд.Қурбон Ҳакимзода ва Саломзода Сиҷоуддин бо ҳамроҳонашон аз рафти шинонидани гулҳо дар майдони нишони давлатӣ шинос гардиданд. Чуноне масъулини майдони “Нишони давлатӣ” иттилоъ доданд дар ин ин майдон қарор аст, беш аз 100,000 бех гули лолаи рангоранг бо тарҳи зебо шинонида шавад.Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, барои хуб нашъунамо ва парвариш ёфтани гулҳо ба масулин маслиҳатҳои муфид доданд.Тибқи иттилои дарётӣ, барои зебо гардонидани муҳити атроф ва кучаҳои марказии шаҳр, зишонидани зиёда аз 200 миллион дона гулҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Боиси зикр аст, ки дар ин рӯз дар шаҳри Бохтар аз ҷониби корхонаи фаръӣ хоҷагии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар зиёда аз 500 ҳазор бех гулҳои лола ба хотири омодаги ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» шинонида шуд.Акмал САИДЗОДА
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


