Бохтар. ИНШОИ БЕҲТАРИН МУАЙЯН ШУД

Дар шаҳри Бохтар озмуни шаҳрии «Иншои беҳтарин» дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – ватани маҳбуби ҳамаи мо”, кибо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  баргузор гардид, ҷамъбаст карда шуд. 

Тавре мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб ба «САФО» иттилоъ дод, ба унвонии ҳайати ҳакамони озмуни мазкур зиёда аз 36 иншо ворид гардида буд.

 – Ҳарчанд ки озмуни мазкур миёни хонадагони синфҳои 10-11 –и муассисаҳои таълимӣ эълон гардида буда, вале барои иштирок дар озмун иншо аз ҷониби хонандагони синфҳои 5,6, 7, 8 низ ворида гардида буданд. Кумитаи тадорукоти озмун инро ба инобат гирифта ба ин хонадагон низ ҷоиза ва туҳафҳо тақдим кард, - иброз дошт номбурда дар маросими ҷамъбасти озмун. 

Сипас, аъзои ҳакамон омӯзгорон Толибова М., Нарсуллоева Ш., Раҳмонов А, Сафарова Ш. доир ба мазмуну муҳтавои иншоҳо ибрози назар карданд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун Сиоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар супорида шуд.

Ҳамин тавр, хонадагони зерин дар озмуни шаҳрии «Иншои беҳтарин» дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – ватани маҳбуби ҳамаи мо” ғолиб дониста шуданд:

Ҷойи якум:

Пӯлатова Манижа -хонандаи синфи 10-и МТМУ №6:

Тагаева Райҳона - хонандаи синфи 10-и МТМУ №12:

Муродов Фирӯз – хонандаи синфи 10-и Литсейи далатии “Ориёно”

Ҷойи дуюм:

Аъзамзода Шукрона – хонандаи синфи 11-и МТМУ №6:

Соатова Юлдуз - хонандаи синфи 11-и МТМУ №12:

Давлатова Мунира - хонандаи синфи 11-и Литсейи далатии “Ориёно”

Ҷойи сеюм:

Насруллоева Сабрина -хонандаи синфи 7-и Литсейи далатии “Ориёно”

Достони Рустам - хонандаи синфи 8-и МТМУ №6:

Имоммуратова Мавзуна - хонандаи синфи 10-и Литсейи далатии “Ориёно”

Набиева Хушнуда - хонандаи синфи 11-и МТМУ №6:

Шарипова Манзура - хонандаи синфи 11-и МТМУ №6:

Исаева Ҳадиса - хонандаи синфи 11-и МТМУ №12.

Добавить комментарий