Рӯзи байналмилалии мубориза ба коррупсия таҷлил карда шуд


Коррупсия аз ибтидо чун зуҳуроти таърихӣ ва падидаи хавфноки ҷомеа унвон шуда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун унсури ѓайриахлоқӣ ва халалдоркунанда ба рушду суботи соњањои иқтисодию иҷтимоӣ давлат эътироф гаштааст.

Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо 25-уми сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт.

Шурӯъ аз соли 2004 ҳамасола дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҷлил карда мешавад.

    Яке аз самтҳои афзалятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пешгирӣ аз амалҳои ҷиноӣ ва хусусияти коррупсионидошта мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, - зикр намуд муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия.

Ба гуфтаи масъулин ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо ин паст кардани шиддат ва сатҳи корупсия дар кишвар, бартараф намудани монеъаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт ва пеш аз ҳама инкишофи арзишҳои демократӣ ва баин васила баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад. Сарвари давлат низ аз паёмадҳои коррупсия ҳамеша дар баромадҳои худ изҳори нигаронӣ намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки “чунин як падидаи манфӣ дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солимии ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем”.

Кормандони агентии мазкур бо дарки ин гуфтаҳо пайваста кӯшиш мекунанд то миёни мардум вохӯриҳо ташкил карда, онҳоро аз натиҷаҳои бади ин амали номатлуб ҳушдор кунанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон дар вилояти Хатлон баромад карда, таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро боз медорад, боварии одамонро ба давлат коста мегардонад ва умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад.

Дигар иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷумла намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ иброз доштанд, ки воситаи муҳими пешгирии коррупсия вусъату тарғиби донишҳо дар бораи коррупсия, ихтилофоти манфиатҳо, меъёрҳои одоб, ҷазодиҳи барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани вазъи мубориза бо коррупсия ва истифодаи шеваҳои навини пешгирии коррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.

Баромадкунандагон аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зикр доштанд, ки барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ дар ҶТ институтсионалии мубориза бо коррупсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида мавриди амал қарор доранд.

Ҳамчунин дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки ҳар фарди ҷомеа метавонанд натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оваранд ва садди роҳи коррупсия шаванд.

Дар охири ҳамоиш аз ҷониби аҳли фарҳангу ҳунари вилояти Хатлон саҳна намоиши пурмуҳтавои театрикунонидашуда манзури ҷамъомадагон гардонида шуд, ки ифодакунандаи мубориза бар зидди коррупсия буд.

                А. Маҳкамов

Добавить комментарий