Бойгонӣ

ФОТЕҲОНИ ВОДӢ

     Вақте банда дар телевизиони вилояти Хатлон фаъолият доштам, борҳо шоҳиди он гардида будам, ки  бригадаи №13 - и хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаеви ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) сардораш Маҳмадхӯҷаи Сайхӯҷа яке аз аввалинҳо шуда аз иҷроиши нақшаи  истеҳсоли пахта бо сарбаландӣ баромад. 

Боре лавозимоти заруриро бардошта, роҳи ин хоҷагиро пеш гирифтем. Дар ду тарафи шафати шоҳроҳ деҳаҳо ва майдонҳои кишти хоҷагӣ ҷойгир аст. Вақте аз назди ин деҳаҳо мегузаштем, чашмамон ба саркишоварзу раиси хоҷагии онвақта Салоҳиддин Назриев афтод, ки онҳо аз вазъи майдони пахтаи чаман барин шукуфта дидан мекарданд. Мошинамонро манъ намуда, наздашон рафтем. Раиси хоҷагӣ баъд аз салому алейк шухиомез гуфт:

-  Кадом шамол шуморо тарафҳои  мо овард?  

- Муждаи ғалабаи шумо моро ба ин ҷо овард,- посух додем дар ҷавоб. 

Салоҳиддин Назриев иттилоъ дод, ки имрӯз бригадаи №13 сардораш акаи Маҳмадхӯҷа нақшаи пахтасупориро иҷро кардааст. Биёед, беҳтараш ба он ҷо меравем. Раҳораҳ аз қитъаҳои пахтаи ин бригада дидан намудем, ки  ғарқи ҳосил буданд. Сипас, сари хирман омадем.   Баъди ду - се дақиқа  аз куҷое  саркор акои Маҳмадхӯҷа пайдо шуд.  Таъбаш болида буд. Аз пешкисааш коғазеро бароварда ба раис доду илова кард, ки ин муждаи  ғалабаи пахтакорони  бригада аст. Салоҳиддин Назриев  чун роҳбари   хоҷагӣ аз он хушнуд гашт.

- Ҳоло дар саҳро пахта бисёр,  раис. - мо тасмим гирифтем, ки то пағаи охирин ҳосили  боқимондаро ғундорем.

- Боз   як ғайрати дигар кунед, нуран алонур мешавад, - гуфт раис.

- Мо хароҷотҳоямонро,  ки дар вақти коркарду нашъунамои байни қаторҳои пахта сарф карда будем, баробар намудем. Ҳоло барои фоида кор мекунем, - гуфт мамнунона саркор.

- Агар дигар бригадаҳо ҳам монанди шумо чунин масъулият ҳис менамуданд, хоҷагӣ кайҳо аз уҳдаи иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта  мебаромад. Роҳбарияти хоҷагӣ албатта ин заҳматҳои шуморо ба инобат мегирад.  

Зимни суҳбат бо акаи Маҳмадхӯҷа пай бурдем, ки гузаштаи  пурифтихор дорад. ӯ ҳаёташро сарфи деҳқонӣ ва хизмати халқ кардааст. Рафтору кирдораш хоксорона мебошад. Зиндагиро бо ҳама буду набудаш дӯст медораду шукр мегӯяд. Як шахси донишманду хушмуомила  аст. 

- Зиндагии хубу гуворо худ аз худ ба даст намеояд. Он шебу фароз, пастию баландиҳои зиёде дорад. Ба ҳамаи ин бояд сабр кард. Ман дар зиндагӣ дар тамоми чорабиниҳои давлатию мардумӣ, тӯю маъракаҳо иштирок карда, кумаки беғаразонаи хешро мерасонам. Зеро шахс дар ҷамъият пухта шуда, обрӯй мегирад. Инсон дар зиндагӣ бояд шиновар бошад, вагарна ба соҳили мурод намерасад,- иброз медорад акаи Маҳмадхӯҷа.

Барои қаҳрамони лавҳаи мо акаи Маҳмадхӯҷа барвақтхезӣ одати муқаррарист. Ҳар субҳидам чашми офтоб набаромада, худро дар байни қитъаҳои пахта мегирад. Ниҳолҳоро аз назар гузаронида, бо онҳо гӯё роз мегӯяд. 

Маҳмадхӯҷаи Сайхӯҷа зодаи деҳаи Бехости Ҷамоати деҳоти «Ғарм» - и ноҳияи Рашт мебошад. Яксола будааст, ки падару модараш соли 1947 ба хоҷагии пештараи Сталини Ҷамоати деҳоти «Узун» кӯч бастанд. Оилаи онҳо дар ҷамоати деҳоти мазкур, ки халқияту миллатҳои гуногун кору зиндагӣ доранд, барои ободонии водии Вахш саҳми беандоза гузошт. Маҳмадхӯҷаи Сайхӯҷа дар ҳамин ҷой ба воя расидааст. Мактаби миёнаро хондаву онро хатм намуда, соҳиби номаи камол гардидааст. Монанди дигар мардуми русто пешаи деҳқониро ба зимма гирифт. Қатори мардум ба саҳро рафта, заҳмат мекашид. Бо Гулнисо ном духтаре издивоҷ карда, бо ҳамдигар 50  сол аст,зиндагии хубу гуворо доранд. Соҳиби 11 фарзанд мебошанд.

Фориғ аз кори деҳқонӣ ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи касбии техникии рақами №19 - и ноҳия супорид. Саҳар мехонд, баъди нисфирӯзӣ дар хоҷагӣ кор мекард. Соли 1968 омӯзишгоҳро бо ихтисоси механизатори техникаҳои хоҷагии  қишлоқ хатм намуда, соҳиби диплом мешавад. Он солҳо ҳамаи ноҳияҳои кишвар ба касби техникӣ, яъне механизатору ронанда ниёз доштанд. Зеро майдонҳои бекорхобида бисёр буд. Роҳбарияти хоҷагӣ бовар карда, ба ӯ трактори тахту ҳамворкунандаро дод. Чор сол ӯ дар майдонҳои мавзеи «Уртабуз» ба тахту ҳамвор кардани заминҳои бекорхобида машғул шуд. Заминҳои ин мавзеъ ба гардиши кишоварзӣ даромад. Бо хоҳиши роҳбарияти ҳамонвақтаи хоҷагӣ солҳои зиёд ба ҳайси бригадир фаъолият намуда, ба мукофоту унвонҳои баланди соҳаи пахтакорӣ мушарраф гардидааст.

Акнун корҳои хоҷагии деҳқониро писараш пеш мебарад. Маҳмадхӯҷаи Сайхӯҷа ба нафақа баромада, ҳоло даврони пирӣ меронад. Бо гузашти рӯзу солҳо мӯи сараш сафед шуда бошад ҳам, дили беқарор дорад. Ҳамарӯза аз субҳи содиқ ба саҳро мебарояд. Аз рӯи таҷрибаи андӯхтаи худ ба саҳмдорон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Сирру асрори  пахтакориро ба онҳо меомӯзонад, зеро то пир нест, тадбир нест гуфтаанд.


Раҳмоналӣ ЭМОМОВ,

н. Ҷалолиддини Балхӣ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019