Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Таҷлили Рӯзи Президент дар Хатлон

Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, қадамҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардумиТоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид ҳастанд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ мекунанд, - гуфта шуд зимни чорабинии идона бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Дар Кохи фарҳанг ва иттилооти маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ба муносибати Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон ва 28-умин солгарди Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сухан баромада, зикр намуд, ки дар Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олӣ бо пешнињоди вакилони халќ љавонмарде ба рўйи майдон омад, ки халќи азизи Тољикистон як чењраи сиёсї, роњбари оќилу доно, сиёсатмадори қавирӯҳ ва ояндаи дурахшони кишварро дар симои ӯ пайдо карданд, ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ замоне зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки Тољикистон дар вартаи парокандагӣ мардумро ноумедӣ фаро гирифта буд.
Бо иродаи мустањаками Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар як муддати кўтоњи таърихї харобањо ба ободї табдил ёфт. Подоши ин њама корномањо аст, ки муњтарам Эмомалї Рањмонро тоҷикони ҷаҳон Пешвои муаззами худ медонанд ва ба ӯ муҳаббату самимияти хос доранд.
Обрӯю эътибори баланди Сарвари давлат ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ натанҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам ӯро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад.
Дар қимсмати дуюми ин тадбир ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҳунару санъати вилоят бо барномаи мукаммали фарҳангӣ, ки тараннумгари Ваҳдату якдилӣ, ободию шукуфоии диёр ва баёнгари хизматҳои беназири Пешвои миллат буд, ба саҳна баромадаанд. Суруду таронаҳои замзамагардида саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба Сарвари оқилу халқпарварамон буд.
Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 34 нашрияи вилоятӣ ва маҳаллӣ, ки муассисашон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба шумор мераванд дастгоҳи аксбардорӣ тақдим карда шуд. Ин дастгирии навбатии роҳбарияти вилоят бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии матбуоти даврии вилоят буда, дар оянда барои рангорангии саҳифаҳои таърихии нашрияҳо мусоидат мекунад.Амонҷон МАХКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


