27 окт 11:03АСОСӢ / Ахбор / Чеҳра

ҲАЁТИ ИБРАТБАХШ

- Тоҷикистон ватани маҳбуби мо! -


Зиндагӣ барои ҳар инсон роҳу пайроҳаи худро дорад. Танҳо матонат, ҷасорат, нангу номуси ватандорӣ инсонро аз ин роҳу пайроҳаҳо ба қуллаи мақсуд мерасонад. Раҳматулло Мусулмонов сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён аз ҳама мушкилоту пайроҳаҳои душвори зиндагӣ сарбаландона гузаштааст.

Ў соли 1934 дар деҳаи Янгитурмуши собиқ Ҷамоати деҳоти Хокаки ноҳияи Шаҳритуз дар оилаи марди меҳнат Аллаёр Шоимардонов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар он солу замони қаҳтию қимматӣ мардум аз мавзеи Искраи ноҳияи Шаҳритуз ба дурдасттарин мавзеи ин ноҳия - деҳаи Айвоҷ тавассути шутур пахта мекашонданд. Бо мурури замон даштҳои ташналабу қамишзору тӯқайзор ба як мавзеи ҳосилхезу ободон табдил ёфт.

Дар азхудкунии замини ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён падару модар ва гузаштагони Раҳматулло Мусулмонов ҳиссаи сазовор гузоштанд. Модараш Улдона Қодирова дар саҳро пахта мечинд ва ба дигар корҳои хоҷагидорӣ ёрӣ мерасонд. Аслан солҳои 30 – юми асри гузашта падару гузаштагони ў аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ноҳияи Шаҳритуз омада, баъди се сол ба имрўза Ҷамоати деҳоти «Утақара Назаров»-и ноҳияи Қубодиён кўч бастанд. Бо заҳмати софдилона хонаю дари хоксорона бунёд намуданд. Акнун зиндагӣ ба маҷрои муайян пеш мерафт. Оҳиста - оҳиста бо ранҷу заҳмати бунёдкорон ин мавзеъ обод мешуд, вале оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳаёти мардуми ин водӣ низ бетаъсир намонд. «Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба» шиори он рўзгор буд, ки мардум бо азоб зиндагии худро ба сомон меоварду барои ғалаба ҳам кумак мерасониданд. Натиҷаи ҷонбозии сарбозони диловар ва фидокориҳои мардумони ақибгоҳ буд, ки пирӯзӣ насиби мардуми дўсту бародар, халқияту миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ гардид. Аммо ҷони беш аз 50 миллион аҳли башар ба коми аждаҳои ҷанг рафт. Ин ҳама ба ҳаёти наврасии Раҳматулло Мусулмонов ва боз ҳазорҳо наврасони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бетаъсир намонд.


Соли 1957 Раҳматулло Мусулмонов дар шаҳри Сталинобод имрўза Душанбе ба техникуми хоҷагии қишлоқ, факултети зооветеринарӣ дохил шуда, онро соли 1961 – ум бомуваффақият хатм кард. Дар деҳаи Чирик, баъдан дар совхози ба номи «Гагарин», имрўза хоҷагии давлатии зоотпарварии «Қубодиён» - и ноҳияи Қубодиён ба сифати духтури байтор ва мудири фермаи чорводорӣ қариб 40 сол кору фаъолият намудааст.

Имрўз ин марди шариф ба синни 86 - солагӣ расида, шукргузорӣ аз рӯзгори пурбаракати хеш дорад. Ба ҳайси як фарди худогоҳу фарзанди содиқи Тоҷикистон ӯ ба заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои сатҳи баланд баҳои арзанда медиҳад.

Ҳастанд суҳбаторо, нури чароғи маҳфил,

Покизамағзу оқил, инсофҷўву одил.

Панди ҳаёт бошад, гуфтори мўйсафедон,

Дарси ҳаёт бошад, рафтори мўйсафедон.

Лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш, фаромўшнопазир дар риштаи чорводорӣ, роҳбарӣ - ба сифати котиби ташкилоти ҳизбии совхози «Гагарин» - и ноҳияи Шаҳритуз ва хоҷагии давлатии зоотпарварии «Қубодиён» - и ноҳияи Қубодиён ва директори Иттиҳодияи байнихоҷагии бурдоқипарварии Вахш дар ҳаёти Раҳматулло Мусулмонов хело зиёданд. Дар замони мудири фермаи чорводорӣ буданаш соли 1968 ҳамроҳи котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, вазири хоҷагии қишлоқи СССР Полянский Димитрий Степанович ба чорводорону мутахассисон суҳбату мулоқот анҷом мебахшанд. Андешаронии Раҳматулло Мусулмонов ба Полянский Димитрий Степанович хуш меояд ва хитоб мекунад: «Ба мо ана ҳамин хел мутахассисон чун обу ҳаво заруранд. Онҳоро тарбия ва дастгирӣ бояд кард». Ду нафар чӯпонҳои фермаи чорводорие, ки Раҳматулло Мусулмонов роҳбарии онро ба зимма дошт, яке Соатмурод Олтибоев ва дуввумӣ Шомард Абдумуродов ба унвони олӣ – Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардиданд, ки дар дастоварду комёбии онҳо мудири ферма саҳми ниҳоят бузург дошт.

Раҳматулло Мусулмонов таъкид медорад, ки решаҳои дўстии мардумони тоҷику ўзбек таърихи ҳазорсола дошта, ин ду миллати дӯсту бародар тўли садсолаҳо дар ҳамсоягӣ умр ба сар бурдаанду ба ҳамдигар хешу пайванди қарин, қудо гашта, ба якдигар фарзанд додаву фарзанд гирифта, риштаҳои хешутабории онҳо ногусастанӣ аст.

- Он нафароне, ки ин ду миллатро ҷудо карданӣ мешаванд, тухми низоъ мекоранд, хатои маҳз мекунанд, зеро «гўштро аз нохун ҷудо карда намешавад». Хизмати бузургро ду абармарди дунёи сиёсат – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев анҷом додаанд. Боз ду миллати дўсту бародарро ба ҳам оварданд. Равобити дўстона, ҳамкориҳои самарабахш байни ду давлат ва ду миллат аз нав на танҳо эҳё, балки густариши тоза ёфт. Хизмати ин бузургмардони дунёи сиёсат дар назди ҳарду миллат фаромӯшнопазир буда, ин абармардони сиёсат бо ташаббуси дӯстонаи худ рўҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ шод намудаанд, - хурсандона иброз медорад Раҳматулло Мусулмонов.

Ба азми «Сафар кардан, ҷаҳон дидан» ва ё дар тӯли умри пурбаракати хеш борҳо ба кишварҳои Туркия, Амрико, Федератсияи Россия, Эрон, Ўзбекистон, Арманистон, Қазоқистон сафар карда, дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ, касбӣ иштирок намуда, зоти гўсфандони қароқулиро муаррифӣ намудааст. Ҳамчунин тақдир ба ў даст дод, ки ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардида, аз шаҳрҳои Ҷидда, Маккаву Мадинаи Арабистон дидан намуда, дунёи маънавии худро бою ғанӣ гардонад. Аммо тавре худ иқрор меояд аз ҳама кишварҳои рўи олам барояш Тоҷикистони биҳиштосо азиз аст.

Раҳматулло Мусулмонов китобро ҳамдаму ҳамнафас, дўсти роздон дониста, дар тўли ҳаёти худ беш аз ҳазор китоб мутолиа намудааст. Ў бештар ба осори бебаҳои адибони оламшумули Ғарбу Шарқ таваҷҷуҳ намуда, китобҳои гаронарзиши онҳоро бо шавқу завқ хонда, дунёи маънавии худро ғанӣ мегардонад.

Раҳматулло Мусулмонов на танҳо худ рў ҷониби китоб овардааст, балки фарзандону наберагони худро бо роҳи илмомўзӣ, ватандўстӣ, дўстдории китоб ҳидоят карда, китобро сарчашмаи расидан ба қуллаи мақсуд арзёбӣ менамояд.

Оиларо ниҳоди муқаддас дониста, дар зиндагии бобаракаташ бо ҳамсари меҳрубонаш Қизларгул Тоштемирова 10 фарзандро ба камол расонидаанд. Ба пиндори ӯ зан ҳамсару ҳамсафари вафодори марди оқил аст.

- Мо ҳарду дар зиндагӣ вафодору содиқи ҳам будем, ба қадри оилаву фарзандон ва зиндагии тинҷу осоишта расидем. Имрўз ҷавонон бо андаке нобасомониҳои зиндагӣ зуд ҷудо мешаванд, ба қадри ҳамдигар, ба қадри ҳаёти хушу босаодат намерасанд. Кўдакони хешро дар чорроҳаи тақдир мепартоянд. Ба ҳама пастию баландиҳои зиндагӣ бо таҳаммул будан, мушкилотро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл кардан ва сабру таҳаммулпазирӣ дар пастию баландиҳои зиндагӣ оиларо пойдору устувор нигоҳ медорад,- арзи матлаб намуд Раҳматулло Мусулмонов.

Духтарони хонадон - Гулхон, Адолат, Улбош, Назира, Улҷамол, Саломат, Шарофат бо дуои неки падару модар соҳиби фарзандону наберагон ва хонаву дари ободанд. Писарони ин хонавода Зулфиқор имрўз дар вазифаи сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён, Умар мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия, Усмон ба симати раиси хоҷагии деҳқонии «Раҳматулло» ифои вазифа доранд.

Раҳматулло Мусулмонов миёни ҳамдеҳагон обрў ва мақоми хоса дошта, гули сари сабади маъракаҳои мардум аст. Ӯ чун собиқадори маҳалла мардумро ба риояи расму оин, танзим, сарфаю сариштакорӣ даъват менамояд. Ин марди шариф, инсони поктинату покниҳод, равшанзамиру маҳфилорост.

Заҳмату ҷонфидоиҳои ин марди меҳнат, чорводори номӣ, бо ордену медал ва диплому ифтихорномаҳои зиёд қадршиносӣ шудааст. Раҳматулло Мусулмонов дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои ҷашнӣ, нишони «Аълочии хоҷагии қишлоқи СССР» буда, зиндагиномааш барои наслҳои имрўзу фардо, мутахассисону чорводорон мактаби омўзиш ва сабақи ибратомўз ба ҳисоб меравад.

                                     Шералӣ САИДЗОДА, н. Шаҳритуз

Добавить комментарий