МАОРИФ БО ПЕШВОСТ!

                          - АНДЕША -


Интихобот бо амалишавии интизориҳои кулли мардуми Тоҷикистон ба анҷом расид. Маҳбуби халқ, пушту паноҳи сулҳ, ҳомии ваҳдат, Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани қариб 92 фоизи раъйи мардум боз моро то ҳафт соли минбаъд сўи нишоту шодкомӣ, сўи созандагиву обокорӣ, сўи бахту иршод сўи ояндаи дурахшон роҳнамо хоҳад буд. Шукри ин рўзҳо! 

Мо, омўзгорон, ки имонам комил аст, ки саросар ба тарафдории Пешвои миллат овоз додем, ки он ҳам асосан танҳо ба 2 хотир:

  1. Аз он хотир ки маорифро дар сархати сиёсати худ қарор додаанд. 
  2. Аз он хотир, ки овози мо, раъйи мо, иттиҳоди мо, санге бошад бар даҳани бадхоҳони миллат, балки гурзе бошад ба синаи он душманони суботу оромӣ, зарбаи ҷонкоҳе бошад ба қалби чун ангишт сиёҳи ноҷавонрмардони аз ин марзу бум нонхўрдаву осишудаи ВАТАН!

Бо ҷиддияти қавӣ, бо ҷасорати матин, бо ғуруру рўҳи ваҳмшикан иброз медорем:

МАОРИФ БО ПЕШВОСТ! МАОРИФ БО СУЛҲ АСТ! 

                                          АБЎБАКР ЧОРИЕВ, омўзгор
Добавить комментарий