CУФPAДӮЗ

     Диёри мо макони ҳунарҳои гуногуни мардумӣ маҳсуб меёбад. Аз қадим то имрӯз ҳунарҳои мардумӣ боиси ризқу рӯзии одамон ба ҳисоб мерафт. Бо соҳибистиқлол гардидани кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ рушду такомул ёфт. Дар баробари қолинбофӣ, гилембофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомадӯзӣ, ҷуроббофӣ бонувони ҳунарманд ба эҳёи ҳунарҳои миллии аз байнрафта ҷаҳду талош доранд.

Суфрадӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадимтарини миллӣ ба шумор меравад. Ин ҳунар дар даҳсолаҳои охир аз байн рафта буд. Сабаби   ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани ин пеша заҳматталаб будани он ва ҳам пайдо гаштани суфраҳои сунъӣ-полиэтиленист. Бо вуҷуди он ки омода намудани суфра меҳнати зиёди дастиро металабад, бонувони хушзавқи деҳотӣ барои эҳёи он талош мекунанд. Сокини деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ Ҷалолова Турсуной баъди эълон шудани соли 2018 Соли ҳунарҳои мардумӣ аз нав дар фикри эҳёву идома бахшидани ин ҳунари зебову нодир гардид.

Аз суҳбати ҳунарманд маълум гардид, ки суфра аз пӯсти гов, буз ва гӯсфанд тайёр карда шуда, меҳнати хеле душвору тӯлониро талаб мекунад.

-Чанд даҳсола пештар арӯсон ҳатман бо суфраҳои чармини дастӣ омодашуда ба хонаи домод гуселонида мешуданд. Дар суфраҳои чармин орд бехтану хамир кардан савоби калон дорад, мегуфтанд гузаштагони мо. Инчунин дар суфраҳои чармин орд сифати худро гум намекунад, - мегӯяд Турсуной Ҷалолова.

Хушдомани холаи Турсуной ҳунарманди чирадасту беҳамто буд. Ҳунари суфратайёркуниро вай аз хушдоманаш омӯхтааст, аммо солҳои охир аз набудани дархост суфрадӯзӣ намекард. ӯ аз зиёд гаштани таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ хурсанд буда, дубора ба суфрадӯзӣ шурӯъкард.

Овозаи суфрадӯзиаш ба маҳалла ва ноҳияҳои гирду атроф паҳн гаштааст. Мардум ба суроғаш омода, бо камоли майл аз маҳсули дасти вай харида, суфраҳои гуногунҳаҷм дархост мекунанд.

-Як суфраи муқаррарӣ аз пӯсти ду гӯсфанди калон омода мегардад. Омода намудани пӯст душвор аст. Пӯстинав (ба тозагӣ забҳшуда дар назар аст) дар халтаҳои полиэтиленӣ ба муддати се рӯз нигоҳ дошта мешавад. Агар пӯст хушк бошад, онро ду рӯз дар зарфҳои пластмасӣ тар карда, то таровидани обаш овехта мемонанд. Сипас, пӯст се рӯз дар халтаи полиэтиленӣ нигоҳ дошта мешавад. Баъдан пӯсти мазкур ду рӯз дар зардоби ҷурғот меистад. Баъди пӯстро аз зардоб гирифтан тоза карда хушк мекунем. Ҳар пӯстро дар алоҳидагӣ мепечонем. Пӯст дар ин ҳолат 2-3 рӯз нигоҳ дошта мешавад, -иброз медорад. Т. Ҷалолова.

Тавре холаи Турсуной мегӯяд, омода намудани суфраи хушсифат то 15 рӯзро дар бар мегирад. Барои дӯхтани суфра аз риштаҳои махсус истифода мекунад, то дергоҳ канда нашавад ё напӯсад. Суфраҳои сап-сафеду чармини холаи Турсуной хушсифат, боқуввату мустаҳкам ва аз ҷиҳати табиӣ буданашон бартарӣ доранд ва ҳоло муштариёни ин намуди ҳунари нафиса бисёранд.

Холаи Турсуной ва аҳли хонаводаи Ӯ имрӯзҳо хеле серкоранд. Ҳоло вай ба духтарон, келинҳо ва занону духтарони ҳамсояҳо суфрадӯзиро ёд медиҳад.

Дар баробари суфрадӯзӣ онҳо ба гулдӯзию қуроқдӯзӣ ва шерозаву дигар ҷиҳози барои арӯсон зарурӣ машғул мешаванд. Аҳли хонавода ҳама як ҳунаре доранд. Сарвари хонадон Парда Ҷалолов омӯзишгоҳи рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанберо бо ихтисоси рассом-ҳайкалтарош хатм намудааст. Дар ин муддат нақши дастони худро дар ороиши чандин чойхонаву хонаҳои баландошёна ва ғайра гузоштааст. Чанде пеш дар боғи фарҳангии маркази ноҳияи Хуросон лавҳаеро ба хотири гиромидошти шаҳидон ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон тарҳрезӣ намуд. Айни замон П. Ҷалолов дар мактаби №14 ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Шогирдони вай дар озмунҳои расмкашӣ ҷойҳои ифтихориро касб мекунанд. Наберааш Муҳибахон гарчанде толибаи синфи 7 бошад ҳам, дар расмкашӣ маҳорати хуб дорад. Муҳиба тахайюлоти рангини хешро дар матоъ офарида, гулу манзараҳои дилраборо кашида, гулдӯзӣ мекунад.

Холаи Турсуной ва Парда Ҷалолов соҳиби 8 фарзанданд. Пайвандон соҳиби касбу кори гуногун буда, ризқу рӯзии худро аз меҳнати ҳалол меёбанду шукронаи даврони соҳибистиқлолӣ ва тинҷию оромии кишварро мекунанд.


Б. ИСКАНДАР,
ноҳияи Хуросон
Добавить комментарий