ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД
Тибқи натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон- номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ин хабарро раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 12 октябр зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт.
Ба иттилои манбаъ дар ҷумҳурӣ 4 943 289 нафар мебоист дар 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар овоз медоданд. Дар интихоботи 11 октябри соли 2020 барои интихоби номзади арзандаи худ 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё худ 85,42% интихобкунандагон иштирок карданд.
Латифзода Рустам-номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 127 ҳазору 746 овоз ё худ 3,03%, Раҳматзода Рустам-номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 90 ҳазору 587 овоз ё худ 2,15%, номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 овоз ё худ 1,17%, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ 62 ҳазору 853 овоз ё худ 1,49 %-и раъйи мардумро соҳиб шуданд.
- Ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд- гуфт Бахтиёр Худоёрзода.АҲЛИ ЭҶОДИ МАҶАЛЛАИ «САФО» ТАМОМИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОНРО БО ҒАЛАБАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУБОРАКБОД МЕГЎЯД.
ЗИҲӢ ТОҶИКИСТОН, ЗИҲӢ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!!!