Бойгонӣ

МЕВАЕ НЕСТ БЕҲ ЗИ ИСТИҚЛОЛ

                              - Ҷашни миллӣ -


Соҳибистиқлолӣ орзуи ҳазорсолаи ниёгони мо буд, ки охири садаи ХХ ба ин халқи азияткашида муяссар гашт. Бо шарофати соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ мо шиносномаи худро дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намудем. Ин шиноснома истиқлолият аст, ки хушбахтона комилтар, мустаҳкаму солор ва қавитар мегардад.

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон худро соҳибихтиёр эълон намуда, дар ҳаёти сиёсии кишвари маҳбубамон рӯйдоди хеле фараҳбахшу муҳим ва таърихӣ ба вуқуъ пайваст.

Моҳи декабри соли 1991 мамлакати озоди тоҷику тоҷикистониён узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид.

2 марти соли 1992 бошад, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ба расмият шинохт.

Вақте ки дар толори ташкилоти бонуфузтарини дунё дар баробари дигар давлатҳои хурду бузурги сайёра парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва вақте ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои ин созмони бонуфуз аз минбарҳои баланд суханронӣ менамояд, ҳастии касро ҳисси ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол фаро мегирад.

Таърих гувоҳ аст, ки на ҳар халқу миллат соҳибихтиёрию соҳибистиқлолӣ ба даст оварда метавонад. Халқи тоҷик дар масири таърих ҳодисаю воқеаҳо ва сарнавишти талхеро аз сар гузаронидааст. Яъне аз давраи давлати Сомониён то давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳайати давлатҳои бегона буд.

Агар мо саҳифаҳои таърихиро варақгардон намоем, огаҳӣ пайдо мекунем, ки аҷнабиён борҳо сарзамини ниёгони моро ғорату талаву тороҷ карданд ва мо аз бисёр ҳудуди аҷдодиамон маҳрум гардидем. Ба қавли устод Бозор Собир:

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хитаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою Девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

Бо вуҷуди ҳамаи ин нокомиҳо саргузашти мардуми тоҷик ҳамеша бо созандагиҳою бунёдкориҳо созгор будааст. Яъне тоҷикон офаридани осори бузурги илму адабиёт, санъат, меъморӣ ва ҳунармандиро рисолати таърихии худ медонистанд.

Хушбахтона, муҳимтарин рӯйдод дар таърихи рангини ин халқи тамаддунофар дар охири қарни бистум ба вуқӯъ пайваст, ки он ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ин орзую ормони деринаи мардуми куҳанбунёди мо буд, ки баъди пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ насибамон гардид.

Оре, Истиқлолият шарафу ифтихори миллат, омили асосии таъмингари давлату давлатдорӣ, имрӯзу фардои шукуфоии Ватани азиз ва рушди босуботи он эътироф шудааст.

Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки миллати ҷафокашидаю меҳнатқарини тоҷик худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд, ҳамчун халқи соҳибдавлату соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ намояд.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бисёр хуб фармудааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон пайванди ногустанӣ ва ҳамешагӣ

бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯямон боз намуд.

Тоҷикистони азизи мо дар замони Истиқлолият ба дастовардҳои бузургу беназир соҳиб гардид.

Миллати тоҷик аз шарафмандтарин ва устувортарин миллатҳое мебошад, ки рисолаташ бунёдкорию созандагист. Сохтмони садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нақбҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фарҳангӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна, варзишгоҳҳою толорҳои замонавӣ, садҳо китобхонаҳою осорхонаҳо, маҷмааҳои таърихию фарҳангӣ самараи файзи соҳибистиқлолии кишваранд.

Агар мо ба рақамҳои оморӣ назар кунем, танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 31 километр нақб, 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 200 пул, садҳо километр роҳҳои оҳан сохта ба истифода дода шуданд.

Маҳз дар замони Истиқлол имконият фароҳам омад, ки Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардид.

Дар даврони Шӯравӣ аз сабаби мавҷуд набудани нақбҳо рафту омади нақлиёти автомобилӣ байни минтақаҳои шимолу ҷануби мамлакат ба марказ мавсимӣ буд. Бо шарофати истиқлолият дар ин давра нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Хатлон» бунёд гардида, минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби кишвар дар чор фасли сол мепайванданд.

Бунёди роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, Душанбе-Панҷи Поён имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар симои роҳбари хирадманду дорои нуфузу эътибори ҷаҳонидошта – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу шоиста баромад намуда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон – терроризм, экстремизм, муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра

бо оби тозаи ошомиданӣ, таъмини сулҳу осоиштагии сайёра саҳми арзандаи худро мегузорад.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз нав эҳё гардиданд.

Дар ин давра, хусусан баъди «Соли сайёҳӣ» эълон гардидани соли 2018 ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 даҳҳо шаҳрҳо ва садҳо деҳаҳо тавассути корҳои бунёдкорию созандагӣ ба таври шинохтанашаванда симои худро тағйир дода, ободу зебо гардидаанд.

Инак, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 29 –сола шуд. Дар ин давра, ки пеши таърих муддати чандин зиёд нест, Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гашт ва дар арсаи ҷаҳон ҷойгаҳи шоиста ва эътирофи комилро соҳиб гардид.

Доктор Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон (аз Ҷумҳурии Мисри Араб) ки соли гузашта аз кишвари мо дидан карда буд, навиштааст: «Тоҷикистон яке аз боѓҳои биҳишти Парвардигор дар рўи замин аст, ки зебову пурнеъмат буда, нақши бузурги таърихӣ дорад. Мардуми ин кишвар, ки асолати ориёӣ дорад, ба монанди табиаташ меҳмоннавоз ва соҳиби одатҳои мутамаддини хос аст».

Барои ҳифзи истиқлолияту неъматҳои он, дӯстдории Ватани маҳбубамон, шукргузорӣ аз ободонию сулҳу осоиштагии кишвар аз забони шоир мегӯем:

Ҳастиятро, то ки ҳастам, посдорам кишварам,

Баҳри ту ҳар лаҳзае хидматгузорам кишварам.

Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту монам то абад,

Обрӯям, зиндагиам, эътиборам, кишварам.

Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019