Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

МАРҲИЛАИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

"Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт."

                                            Эмомалӣ Раҳмон

Соҳибистиқлолӣ, озодӣ аз вожаҳои муқаддасест барои ҳар қавму миллат аст. Истиқлолият арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо насиби халқи мо гаштааст. Бо шарофати ин рўйдоди таърихӣ ва заҳматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дар ҳалли масоили глобалии дунё пешоҳанг мешиносанду эътироф доранд.

Мавриди зикр аст, ки давлати соҳибистиқлол ва Пешво доштан ормони деринаи миллати куҳанбунёду фарҳангии мо тоҷикон буд. Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанашон бо амалҳои ҷавонмардона, қаҳрамонона, ҷасорату шуҷоат дар дили мардуми азияткашида шуълаи фардои дурахшонро меафрўхт. Дар вазнинтарину сангинтарин рўзҳои миллат барои иҷрои рисолати таърихӣ ҷонбозиҳо ва фидокорӣ намуданд.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи давлати навини тоҷикон, эҳёи миллӣ, фарҳангӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвар, осудагию ободӣ беназир аст. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корҳое анҷом дода шуданд, ки дар даврони Шўравии абарқудрат ин ҳама имкон надошту ормони миллат буданд. Ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлолият бо номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд аст. Роҳбари давлат бо ҷасорати хоси худ, бо хислатҳои наку ва шоиста, ташаббусҳои наҷибу созанда, инсондўстию раиятпарварӣ кайҳост дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст.

Мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти номдори Хатлон анқариб се даҳсола мешавад, ки бо ифтихору сарфарозӣ аз соҳибдавлатӣ соҳибистиқлолӣ корҳои бузургу азимро ба анҷом расонида, ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил мегарданд. Боиси хушнудист, ки хатлониён чун тамоми халқи шарафманди Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаву созандаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониро ба ифтихори 30- солагии ҷашни мубораку муқаддаси миллат- 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки

соли оянда ҷашн гирифта мешавад, вусъати тоза бахшидаанд. Мардуми ҳимматбаланди Хатлон бо номи Истиқлол ташаббусу иқдомҳои созандаро роҳандозӣ мекунанд. Хушоянд аст, ки дар ҳар қадам, дар ҳар гўшаю канори вилоят, то дурдасттарин рустову мавзеъҳо навгонӣ, тозакорӣ ба чашм мерасад, ки ҳамаи инро ном ватансозист. Имрўз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят пешравӣ мушоҳида гардида, дастовардҳо сол то сол афзун мегарданд. Дар шаҳру навоҳии вилоят таҳавуллоту дигаргуниҳо ба вуқўъ пайваста, симои он зеботару дилкаштар мешавад. Имрўзҳо ба ифтихори ин ҷашни саиди миллат садҳо биноҳои таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки ин тадбирҳо ба боло бурдани сатҳи некуавҳолии сокинон мусоидат мекунад.

Мавриди зикри хос аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба ободонию созандагӣ аз ҷониби ҷавонмардони ватандўсту ҳимматбаланд дастгирӣ ёфта, мактабу кўдакистонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, ҳаммому бунгоҳҳои тиббӣ, дармонгоҳу марказҳои саломатӣ ва даҳҳо иншоотҳои муосири хуштарҳ қомат меафрозанд. Инчунин иншоотҳо зимни сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор мегиранд, ки меҳру муҳаббату садоқати сокинон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Бале, ҳар қадами Пешвои миллат файзбор созандаву наку аст. Аз ин лиҳоз ҳам сокинон чунин мулоқоту вохўриҳоро бо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бесаброна интизор мешаванд ва бо омодагиҳои ҷиддӣ истиқбол менамоянд.

Дар ин давраи тақдирсозу таърихсоз месазад, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён бо номи ин абармарди сиёсат ифтихор кунанду дар атрофи ў зичтар муттаҳид шаванд, то аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ҳифз карда тавонем.

                                                   «САФО»

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД