Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ба истифода додани бинои истиқоматии 12 ошёна дар шаҳри Бохтар
Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ карданд.Бинои нав 12-ошёна буда, дорои 80 хонаи истиқоматии як, ду ва сехуҷрагӣ мебошад.
Дар назди бино майдончаи бозӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон сохта шудааст. Ҳамчунин дар шафати он таваққуфгоҳи мошинҳо низ мавҷуд мебошад.
Дар ошёнаи якум Маркази хизматрасонии иборат аз тарабхонаи зебою замонавӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 26 ҷойи хоб ҷой гирифтааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона люкс ва нимлюкс буда, дорои шароити хуб мебошанд.
Бино ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар бунёди иншооти мазкур беш аз 120 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор таъмин буданд.
Ба Президенти мамлакат иттиллоъ дода шуд, ки дар маркази хизматрасонии ин бино дар маҷмӯъ 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар доираи амалҳои неку шоиста ва хайрхоҳона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ду оилаи ҷавон-Марҷона Вализода ва Эҳсон Хӯҷамардов, ки ҳарду ятим мебошанд, хонаҳои истиқоматии 3 ва 1 хуҷрагӣ туҳфа карданд.
Манзилҳои истиқоматии тақдимгардида зебову замонавӣ буда, дар он тамоми шароитҳои муосири зиндагӣ муҳайё карда шудааст.
Президенти мамлакат зимни тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонаш, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Оилаҳое, ки соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шуданд, аз ин иқдоми башардӯстона ва раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат ибрози сарфарозӣ намуданд.Дар толори тарабхона бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи маҳсули дасти ҳунармандони вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки намунаҳои ҳунарҳои миллӣ дар миёни ҷавонон бештар тарғиб карда шавад, зеро яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз ҳамин ҳунар ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Инчунин дар назди ҳамин бино, ки аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, лоиҳаи сохтмонии биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар муаррифӣ карда шуд.Лоиҳаҳои меъморӣ бо назардошти нақшаи генералии шаҳри Бохтар таҳия гардида, аз хонаҳои баландшёнаи замонавӣ иборат мебошанд.
Зикр гардид, ки сол то сол теъдоди аҳолӣ дар шаҳри Бохтар афзоиш ёфта, талабот ба хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст. Аз ин лиҳоз, зарурати вусъат додани тадбирҳои созандагӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ба миён омадааст.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иншооти сохташаванда бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад ва дар вақти бунёд тарҳи меъмории биноҳо бо нақшу нигори миллӣ оро дода шавад.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД


