Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои 10 утоқ, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо фарогирии 1200 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, ду толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст. 3 садяк замини саҳни бино сабзкорӣ ва масоҳати 268 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити кору фаъолият ба иқдоми соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб баҳои арзанда дода, анҷоми чунин амали наҷиби созандагиро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.
Бо шарофати даврони соҳибистиқлолии мамлакат 9 нафар корманди ҳизби шаҳри Бохтар, ки қаблан дар бинои ҳизбии вилоят фаъолияти корӣ доштанд, соҳиби бинои алоҳидаи хуштарҳ гардида, фаъолияти худро дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво идома хоҳанд дод.
Гуфта шуд, ки агар соли 2013-ум танҳо дар 5 шаҳру ноҳияи вилоят Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳиби бинои алоҳидаи худ буданд, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли ҷорӣ аллакай ин шумора ба 21 адад расонида шуд. Ба замми ин, 25 сохтори ҳизбӣ соҳиби нақлиёти хизматӣ гардида, шумораи аъзои ҳизб нисбат ба 7 соли қаблӣ 100 ҳазор нафар афзун гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД


