Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”, ки таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус” бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бунёд гардидааст.
Лозим ба таъкид аст, ки иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.
Ин боғ як гӯшаи ноободи ноҳияи Шаҳритус буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба як мавзеи зебову назаррабо табдил ёфт. Дар он барои истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Шаҳритус шароити хубу муносиб фароҳам оварда шудааст.
Дар маркази боғи мазкур муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ — Тус, ки дар “Шоҳнома”-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардошта, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани он табрику муборакбод гуфтанд.
Муҷассамаи Тус ва ду шери дар паҳлуяш бударо, ки рамзи қудрату ҷасорат мебошад, ҳайкалтарошони бомаҳорат аз сангҳои ороишии кишвар сохтаанд.
Дар доираи лоиҳаи таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус дарвозаи он бо навиштаҷот аз нав карда шуд. Ҳамчунин қаҳвахонаи куҳнаи он, ки “Афсона” ном дорад, таъмир гардида, боз як қаҳвахонаи дигар бо номи “Наврӯз” бунёд шуд. Ҳар ду қаҳвахона дар як вақт метавонанд ба беш аз 80 нафар хизмат расонанд. Тибқи лоиҳа, дар ин боғ як ошхонаи ба таври замонавӣ сохташуда барои зиёда аз 50 нафар ва чойхона низ сохта мешавад.
Дар боғ ду фаввора сохта шудааст, ки калонтарини он 22 метр дарозӣ ва 4,5 метр паҳноӣ дорад. Дарозии фаввораи дуюм 3 метр буда, паҳноиаш ба 3 метр мерасад.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус чароғҳои замонавӣ ва гуногуншакл насб карда шудааст. Шабона ин боғ макони афсонавиро мемонад ва ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам мекунад.
Амфитеатри боғи мазкур низ аз таъмир бароварда шуда, барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ макони мувофиқу муносиб гардид. Қаблан амфитеатр 150 ҷойи нишаст дошт. Баъд аз таъмиру навсозӣ шумораи ҷойҳои нишаст дар он ба 400 расид. Ҳамчунин дар он ду ҳуҷра барои ҳунармандон мавҷуд мебошад. Дар гӯшаи дигари Амфитеатр барои пешниҳоди барномаҳои ҳунарӣ саҳнаи фароғатӣ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Дар қисми дигари боғ бинои маъмурии муассиса бунёд шудааст, ки он дорои 4 утоқи корӣ мебошад. Дар маҷмӯъ баъд аз таъмиру азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳияи Шаҳритус дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ атраксионҳои гуногун насб гардидаанд.
Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, дар боғ майдонча барои бозии футболи хурд, волейбол, тенниси рӯйи миз, ҳавзи шиноварӣ, толори обу тоби бадан, тир ва толори саққобозӣ низ сохта шудааст. Дар майдончаи варзишии боғ имкони хуби баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ вуҷуд дорад.
Дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ дар боғ беш аз ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои рангоранг шинонида шудааст. Инчунин пайкараи ҷонварони гуногун, аз қабили шутур, бузи кӯҳӣ, хирс, товус, уқоб, кабку харгӯш ва амсоли ин васл карда шудааст, ки ҳусни боғро боз ҳам зеботар мегардонанд.
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД


