Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Пешвои миллат ба ятимони кулл дар ноҳияи Шаҳритус тӯҳфаҳо супориданд

Иншоот, ки сохтмони он соли 2018 оғоз гардида буд, бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар бинои шуъба барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.Дар ошёнаи 3-юм барои баргузории маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ 1 толори барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст.
Дар баробари корҳои сохтмонӣ, ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атрофи бино низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Иншоот чароғон ва дар гирду атрофи он гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус дар маҷмӯъ 1642 омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯянд. Аз ин шумора 1080 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити бинои Шуъбаи маориф дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бунёди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 46 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз ҳисоби сармояи давлатӣ татбиқ мегардад. Лоиҳаи мазкур 73 иншооти соҳаи маорифро дар бар гирифта, дар доираи он 68 муассисаи таълимӣ барои 34 ҳазору 880 хонанда дар ду баст ва 5 бинои шуъбаи маориф сохта ба истифода дода мешавад. Аз ин шумора 71 лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Муъминобод 4 муассисаи таълимӣ бо 1920 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Ҳамадонӣ 3 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Фархор 3 муассисаи талимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Восеъ 7 муассисаи таълимӣ бо 3360 ҷойи нишаст дар ду баст, дар шаҳри Кӯлоб 7 муассисаи таълимӣ бо 3264 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шаҳритус 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст, ноҳияи Дӯстӣ 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Хуросон 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Ҷайҳун 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Данғара 12 муассисаи таълимӣ бо 5472 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Темурмалик 5 муассисаи таълимӣ бо 2400 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Вахш 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Балҷувон 4 муассисаи таълимӣ бо 1728 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Панҷ 2 муассисаи таълимӣ бо 1760 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Кӯшониён 3 муассисаи таълимӣ бо 1248 ҷойи нишаст дар ду баст сохта мешавад. Татбиқи ин лоиҳа 11-уми августи соли 2020 оғоз ёфта, 31-уми декабри соли 2024 ба анҷом мерасад.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Шаҳритус соҳаи маориф рушд намуда, дар ин давра даҳҳо адад мактабҳои нав бунёд гардида, бинои аксари муассисаҳои таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳамчунин дар назди мактабҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта шудааст.
То таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони боз 4 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят ва масъулони Вазорати маориф ва илми мамлакат дастур доданд, ки муассисаҳои таълимии навро дар асоси талаботи муосири илмомӯзӣ бунёд намоянд.
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад